(1 овоз, миёна 2.00 аз 5)

Маркази хизматрасонии «Амонатбонк» баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтБо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, Раиси Раёсати бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода, сарвари филиали №23 «Амонатбонк» дар вилояти Суғд Ҳокимшоҳ Бобозода  ва кормандону собиқадорони соҳаи бонкдорӣ Маркази хизматрасонии бонкии «Амонатбонк» №24/362 дар шаҳри Хуҷанд  баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Раиси Раёсати бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода зимни сӯҳбат бо кормандони бонк гуфт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, таъмин намудани рақобат-пазирии иқтисоди миллӣ ва ташаккули бозорҳои умумии дохилию минтақавӣ нақши бонкҳо аҳамияти калидӣ дорад. Барои мо аз ҳама муҳим боварии мардум аст. Зеро бидуни эътимоди қавии омма мо фаъолият бурда наметавонем. Бояд бо мардум муомилаи дуруст намоем, одоби баланди миллии хешро нишон диҳем.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зикр дошт, ки воқеан ҳам бо мақсади танзими хизматрасониҳои пардохтӣ, осон ва шаффоф гардонидани амалиёт, кам намудани истифодаи пули нақд дар муомилот ва вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Ин низом дар фаъолияти Бонки давлатии «Амонатбонк» ба хубӣ ба мушоҳида мерасад. Ҷоиз ба зикр аст, ки Бонки давлатии «Амонатбонк» дар ҳама ҳолат ҳамчун яке аз бонкҳои низомсози кишвар, ки эътимоди мардум ба он зиёд аст, бояд мавқеи устувори худро дошта бошад ва бо ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосиру ифтитоҳи чунин Марказҳои хизматрасон  сафи мизоҷони хешро афзун намояд.

Иттилоъ дода шуд, ки Маркази хизматрасонии бонкии давлатии  «Амонатбонк» №24/362 дар шаҳри Хуҷанд баъди таҷдиду азнавсозӣ қарор гирифтан, барои мизоҷон имконоти нави хизматрасониро муҳайё намудааст. Имрӯз дар ин марказ ба ҷойи 3 нафари қаблии фаъолиятменамуда, аллакай 10 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ бо маоши мувофиқ таъмин гардиданд. Имрӯз ин Марказ имкон дорад, ки хизматрасонии бемайлони хешро ба мизоҷон, алалхусус ба нафақахӯрон роҳандозӣ намуда, ҳамзамон пардохтҳои фаврии бо усули муосир мутобиқшудаи маблағҳои коммуналӣ, андозҳо ва дигар хизматрасониҳоро ба анҷом расонад. Ҳамчунин дар Марказ ҷалби навъҳои гуногуни пасандозҳои шаҳрвандон низ ба назар гирифта, пешниҳоди қарзҳо ба роҳ монда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд 12 марказ ва 6 нуқтаҳои хизматрасонии бонки давлатии «Амонатбонк» фаъол гардида, беш аз 60 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...