(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Риояи маданияти шаҳрдорӣ дар мадди назарДар шаҳри Хуҷанд –маркази маъмурии вилояти Суғд баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза мегирад.

Дар як фосилаи кeтоҳ шаҳри Хуҷанд ба макони зебову биҳиштосо табдил ёфта, дили ҳар бинандаро тасхир карду теъдоди зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро афзун намудааст. Дар баробари корҳои ободонию сабзкорӣ роҳбарияти шаҳр тасмим гирифтааст, ки иншооти гуногуни таъинот иҷтимоиро дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода супорад. Аз ҷумлаи чунин иншооти ҷашнӣ муассисаи таҳсилоти томактабии №28-и шаҳр мебошад, ки мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор гирифтааст, ки айни ҳол дар арафаи анчомёбист.

altТибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар паҳлуи кӯдакистони мазкур сохтмони майдончаи варзишӣ барои сокинони маҳалла низ оғоз гардидааст, ки ин иқдоми ободкорӣ имкон медиҳад, ки он ба як макони истироҳату фароғат барои шаҳрвандон мубаддал гардад.

Албатта, чунин зебоофариву гулафшон ва обод гаштани мавзеъҳои шаҳр ба маданияти шаҳрдорӣ низ вобастагии калон дорад. Мутаасифона бархе  шаҳрвандон бо сохтмони мошинсаройҳои ғайриқонунӣ даст зада,  бархилофи меъёърҳои шаҳрсозӣ амал менамоянд, ки ҳусни шаҳрро коста намуда истодааст.

Субҳи имрӯз дар заминаи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гурӯҳи корӣ бо ҷалби мутахассисони назорати истифодабарии замин, шаҳрсозӣ ва мақомоти қудратӣ барои бартараф намудани иншооти ғайриқонунии сохташуда дар маҳаллаи 34 сафарбар карда шуданд.

Гуруҳи корӣ муайян намуд, ки шаҳрвандон бидуни иҷозаи расмӣ ва дар ҳолати ғайрисанитариву садамаэҷодкун мошинсарой ва дигар амборҳои захиравии хешро бунёд намуда, барои ҳаёти атрофиён хавф эҷод намудаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза бо ҷалби фаъолон ва раисони гузару маҳаллаҳо чорабиниҳои мухталиф гузаронида шуда, одоби шаҳрнишинӣ, равнақ бахшидани корҳои ободонию сабзазоркунӣ дастаҷамъона таҳти шиори «Шаҳрамонро обод месозем» доир гардида истодааст. Мутаасифона дар пештоқи айвону тирезаи биноҳои дар қадди роҳи нақлиётгард ҷойгир буда, овехтани либос, назди баландошёнаҳо худсарона сохтани тануру оташдон ҳусни шаҳрро коста гардонида дар як вақт меъёри шаҳрнишинӣ риоя карда намешавад.

Бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи моддаи 104-и  Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замини худсарона ишғолкардашуда бе ҷуброни хароҷоте, ки дар муддати ғайриқонунӣ истифодабарӣ сарф шудааст, мувофиқи таъиноташон баргардонида мешаванд.

Ҷойгир намудани ҳамагуна бинову иншоот танҳо дар асоси нақшаи генералӣ ва нақшаи муфассали тарҳрезии маҳал, ки дар онҳо ҷойгиршавии бинову иншоот дарҷ гардидааст, бо риояи талаботи қоидаву меъёрҳои сохтмон ба роҳ монда мешавад.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки маданияти волои шаҳрдориро риоя намуда, ба меҳмонони дохилию хориҷӣ баҳри муаррифии шоистаи миллати соҳибтамаддун будан, масъулият ва ташаббусҳои созандаи хешро нишон диҳанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...