(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқоти Маъруф Муҳаммадзода бо 200 нафар наврасону ҷавонони шаҳри ХуҷандРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода  дар мактаби барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар доираи моҳи ҷавонӣ бо зиёда аз 200 нафар наврасону ҷавонони фаъоли шаҳр  мулоқот намуд.

Маъруф Муҳаммадзода қабл аз вохӯрӣ ба мусобиқаи шоҳмот барои мукофоти Раиси шаҳр байни хонандагони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр  ҳусни оғоз бахшид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни маърӯзаи хеш аз дастовардҳои Истиқлолият ҳарф зада, аз ҷумла таъкид сохт, ки “Истиқлолият барои мо далели возеҳу бебаҳси пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувияти миллӣ, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Мулоқоти Маъруф Муҳаммадзода бо 200 нафар наврасону ҷавонони шаҳри Хуҷанд Ҳарчанд ки истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд. Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад. Мо дар муддати наздик 27 соли истиқлолият таҳти раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мам-лакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватанамонро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон равона созем.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки таҳкими низоми илму маориф ва дар ин замина омода кардани насли ояндасози кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон эълон гардидааст. Дар доираи чунин сиёсат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таҳсилот, донишу ҷаҳонбинии донишҷӯён, бархӯрдор гардидани онҳо аз дастовардҳои илму техникаи муосир саъю талошҳои доимӣ ба харҷ медиҳад. Дар ин радиф Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамеша кӯшиш менамояд, ки тамоми шароиту имконотро муҳайё созем, то ҷавонони мо тавонанд дар дохилу хориҷи кишвар таҳсилу касбомӯзӣ намуда, номбардори Ватанашон шаванд.

Раиси шаҳр ислоҳот дар соҳаи маорифро аз падидаҳои беҳтарини замони Истиқлолият дар оғози асри нав арзёбӣ намуда, қайд кард, ки дар ин замина барқарор гардидани ҳамкории байнидавлатии донишгоҳҳо ба пешравии фаъолияти муассисаҳои олии касбӣ мусоидат мекунад. Туфайли ин тадбири нек имконияти мактабҳои олӣ дар тарбияи кадрҳои соҳибихтисос хеле васеъ гардид. Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот аз кормандони соҳаи маориф азму талоши доимӣ ва заҳмати пайвастаро талаб менамояд.Хусусан, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намудан, эътибори аввалиндараҷа додан ба омӯзиши забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, касбомӯзии шогирдон ва дар рӯҳияи донишомӯзиву заҳматдӯстӣ тарбия кардани онҳо вазифаи касбиву виҷдонии устодону омӯзгорон ба шумор меравад.

Маъруф Муҳаммадзода таъкид дошт, ки дар соли таҳсили 2017-2018  25 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои байналхалқӣ иштирок карда, мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд. Аз ин миқдор 18 нафарашонро дастпар-варони литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, 3 нафарӣ муҳассилини литсейи №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва литсейи Донишкаи политехникӣ, 1 нафар хонандаи мактаби хусусии “Гулчини маърифат” ташкил медиҳанд. Шаҳзод Бобоев, Меҳроҷ Маруфов, Амаралӣ Абдуллозода аз литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, Мафтуна Муродуллоева Сабрина Зиёбоева аз литсейи №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ тавонистанд, ки дар олимпиадаҳои байналхалқии хориҷи дур иштирок намуда, мақоми аввал ва шоҳҷоизаҳоро ба даст оваранд ва шарафи Тоҷикис-тонро дар арсаи байӣналмилал боло  бардоранд.

Бино ба таъкид Раиси шаҳр дастовардҳои хонандагони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқоти байналхалқӣ низ назарррас мебошад. Чанде қабл ду хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Хуҷанд дар мусо-биқаи заврақронӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва давлати Испания иштирок намуда, мақомҳои аввал ва роҳхат ба ин намуди мусобиқоти ҷаҳониро ба даст оварданд. Санаҳои 14-28 апрели соли равон дар шаҳри Абу – Дабии Аморати муттаҳидаи Араб  Чемипионати ҷаҳон оид ба ҷиу–ҷитсу бо ҳузури беш аз 7000 намояндагони 106 давлати дунё сурат гирифт, ки аз вилояти Суғд 13 нафар иштирок намуда, 4 нафар хонандагони макотиби шаҳри Хуҷанд ғолибият ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа аз шаҳри Хуҷанд 8 нафар иштирок намуда, ғайр аз 4 нафари ғолибон, ҳамзамон Шероз Ахмедов ва Абдуғафур Абдуллоев роҳхати иштирок дар Чемпионати Осиё, ки моҳи июн дар давлати Қазоқистон баргузор мегардад, ба даст оварданд.

Соли панҷум аст, ки қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсус тавассути Маркази  миллии тестӣ роҳандозӣ мешавад. Ин иқдом талаби замон буда, омили асосии коҳишёбии шиддати кирдорҳои коррупсионӣ дар ин соҳа гардид. Имтиҳоноти тестӣ инчунин то андозае сатҳу сифати  таълимро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар муайян намуд.

Дар замони Истиқлолият илму маориф ва донишу фарҳанг ба як рукни муҳими иҷтимоӣ табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат эътироф гардидаанд. Зеро ин падидаҳои бузург дар ташаккули маънавии ҷомеа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузоранд. Дар ин самт ҳукумат оид ба ҷорӣ намудани низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, ворид сохтани технологияҳои нав дар ҷараёни таълим ва истифодаи усулҳои замонавӣ барномаҳои махсус қабул намуд, ки онҳо барои мутобиқ гардидани сатҳу сифати дониши хонандагон ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Хушбахтона, файзи амали сиёсати дурбинона аст, ки имрўз дар тамоми паҳлўҳои ҳаёти ҷомеа нақши пуртаъсири ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи ояндасоз ба пуррагӣ эҳсос мегардад. Ҳазорон нафар ҷавонон ба фатҳи қуллаҳои баланди дониш муваффақ гарди-данд ва даҳҳо ҳазори дигарашон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба нафъи Ватан ва ҷомеа содиқона меҳнат мекунанд.Соли ҷорӣ ба Маркази миллии тестӣ 2177 нафар довталабон ҳуҷҷатҳои хешро супориданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар партави дас-туру супоришҳои Раиси вилояти Суғд, ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои мусоиди таҳсил, таъмиру таҷдиди муассисаҳои соҳаи маориф, ғамхорӣ дар ҳаққи донишҷӯён корҳои зиёдеро роҳандозӣ мекунад. Мулоқоте, ки имрӯз бо Шумо –наврасону ҷавонон ташкилу баргузор шуда истодааст, дар партави дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода  ҷараён мегирад. Туфайли ташкили чунин мулоқот роҳбарияти шаҳр тасмим гирифтааст, ки аз вазъи таълиму таҳсил, дастовард ва муаммову мушкилоти шумоён аз наздик ошно шавад ва ба ҳалли онҳо мусоидат намояд.

Дар охири суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз наврасону ҷавонон даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардош-тани сатҳу сифати таълим, дар баробари ин, тарбияи кадрҳои худ-шиносу ватандӯст, дорои масъ-улият ва малакаи баланди касбӣ, соҳиби донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии муосир, фидокор ва содиқ ба Ватану миллат, ҳушёру зирак кӯшиш ба кор бурда, ҳамчун муборизи роҳи ҳақиқату адолат тадбирҳои муассир андешем.

Сипас, аз тарафи иштирокдорони мулоқот: Некрӯз Шораҷабов, хонандаи гимназияи №1, Нилуфар Қосимова, донишҷӯйи ДДҲБСТ, Юсуф Ахмедов ва  Анвар Аминов муҳассилини литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, Парвиз Дадобоев донишҷӯйи коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Амирхон Аминов, донишҷӯйи Донишкадаи политехникии ДТТ саволу пешниҳодҳои мушаххас ба Раиси шаҳр манзур карда шуд.

Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд аз хонандагону донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо хонишу дониши пешрафта баҳри ободии Ватани хеш сайъю кӯшиш варзанд.

Сипас ба 19 нафар ғолибони Олимпиадаҳои фаннии байналхалқӣ тӯҳфа ва маблағҳои пулӣ аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуд.

Барномаи фарҳангии ватандӯстона табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...