(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altНишасти 161–уми маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дирӯз бо ширкати олимону адибон ва мухлисони каломи бадеъ дар толори факултети филологияи тоҷик баргузор шуд. Маҳфилро роҳбари он адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки ин даъфа маҳфил ба ду санаи таърихӣ бахшида мешавад,ки яке 140 солагии  Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Садриддин Айнӣ ва дигаре 75-солагии Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов мебошад.

Декани факултети филологияи тоҷик, номзади илмҳои филология Муҳаббат Тиллохӯҷаева меҳмононро хайрамақдам гуфт ва аз дастовардҳои илмии устодон ва донишҷӯёни факултет маълумот дод.

Дар бахши навгониҳои илмӣ  Шарифҷон Тоҷибоев - дотсенти Донишгоҳи   давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муффассал аз муҳимтарин чорабиниҳои илмиву адабӣ, аз ҷумла дар мавриди ҳамоишҳои байналмилалӣ ва умумиҷумҳуриявӣ бахшида ба 140 солагии  Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Садриддин Айнӣ, ки қариб дар ҳамаи  муассисаҳои илмиву таълимии қаламрави кишвар баргузор гардид изҳори назар кард.

Ӯ гуфт, ки дар ин росто аз ҷониби муҳаққиқон силсилаи зиёди мақолаҳои илмӣ  интишор гардид, ки миёни онҳо сухани тоза дар Айнишиносии муосир кам нест. Мавсуф маҷмӯаи мақолаҳои конфронси илмии “Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои рушди адабиёти навини тоҷик”-ро,ки нашриёти “Нури маърифат”-и  ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба нашр расонидааст, чӣ аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва чи аз лиҳози сифати чоп шоистаи таҳсин хонд.

Дар маърӯзаи  Субҳон Аъзамзод-дотсенти донишгоҳи   давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Садриддин Айнӣ - чеҳраи мондагори адабиёт,илм ва фарҳанг” муҳимтарин хидматҳои устод Садриддин Айнӣ дар худшиносии миллии тоҷикон зикр гардид. Муҳаққиқ аз қадршиносии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мавриди Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бо мисолҳои мушаххас нақл намуд. Махсусан оид ба китоби “Чеҳраҳои мондагор”, ки дар он Пешвои миллат дар баробари зикри хидмат ва мақому манзалати устод Садриддин Айнӣ  заминаеро дар айнишиносии муосир муқаррар кардааст муфассал изҳори назар кард.

Сипас бахшида ба 75-солагии Ҳунармади мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов дар мавзуи “Устоди беназири ҳунар” Абдураҳим Аминҷонов - дотсенти донишгоҳи   давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баромад намуд. Вай ба ҳозирин оид ба ҷанбаҳои ҳунарӣ, сабк ва услуби ҳофизӣ, зинаҳои такомули эҷод, шӯҳрати ҷаҳонии Ҷӯрабек Муродов нақли ҷолиб намуд. Ӯ гуфт,ки сабки Ҷӯрабек Муродов сабкест,ки он қобили қабули кулли мардуми манотиқи гуногуни Тоҷикистон аст.

Сипас нависанда Додохони Эгамзод як сӯҳбати озоду ҷолиб дар бораи Устод Садриддин Айнӣ ва Ҷӯрабек Муродов намуд. Вай ба мухлисони каломи бадеъ аз таснифи як романи таърихии  нави худ дарак дод, ки ба қавли худи нависанда, дар бораи Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик ҳикоят мекунад ва маҳз ба хотири амалӣ намудани орзуи Устод Садриддин Айнӣ ӯ ба ин кор даст задааст.

Шоири ширинхаёл  ва боҳунари тоҷик Нарзуллои Азизиён нахуст салому паёми аъзоёни маҳфили “Ганҷи Исфара”-ро ба ҳозирин расонида,аз нақши маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар рушди адабиёт ва илм ибрози назар намуд. Ӯ чанд шеъри тозаи худро ба аҳли нишаст эҳдо намуд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода низ дар суханронии худ аз шӯҳрати ҷаҳонии устод Садриддин Айнӣ ва Ҷӯрабек Муродов нақлҳои ҷолиб намуда, як шеъри худро қироат намуд.

Монтажи адабии донишҷӯёни факултети филология аз рӯзгори  рӯзгори  устод Айнӣ,ки дар заминаи осори нависанда рӯи саҳна омадааст ба маҳфил рӯҳи тоза бахшид. Суруду оҳангҳои дилнишини сарояндагон анҷомбахши нишасти навбатӣ гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...