(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Норинисои Алимуҳаммад моро тарк карданд….Субҳи имрӯз риштаи умри шоираи ширинкалом Норинисо Алимуҳаммедова дар синни 68 солагӣ канда шуд. Дар хонаи марҳум маросими видоъ баргузор гардид.

Фаррух Орифӣ, муовини аввали Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ марги шоираро талафоти адабиёти тоҷик ва аҳли ҷамоатчигии кишвар унвон намуданд.

Мирзоқосим Каримов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд, тассалиёти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба аҳли хонадону пайвандони расонида аз ҷумла таъкид сохт, ки «Шоира Норинисо Алимуҳаммедова на танҳо адиби сермаҳсул, балки ҳамчун ҷамотчии фаъол дар байни сокинони Хуҷандшаҳр маҳбубияти хоса доштанд. Шодравон дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолна ширкат варзида, бо суханони дилрас ва ашъори дилчасп мардумро ба фаъолияти созандагӣ ҳидоят менамуданд. Ирӯз шоираро ба роҳи охират гусел кунем ҳам, ашъори баландмазмун ва фаъолияти пурбаракату ибратбахшашон дар дилу дидаҳои мо солиёни зиёд боқӣ хоҳад монд. Зеро шоира муаллифи даҳҳо маҷмуъаи ашъор ва китобҳои хонданӣ буда, онҳо талқингари одаму одамгарӣ, хислатҳои наҷиб ва дигар арзишҳои инсонӣ мебошад».

Фарзанди марҳум Илҳом Сангин миннатдории аҳли оиларо ба дӯстону меҳмонон баён сохта, реҳлати модари хелро дар умри худ талафоти бузург арзёбӣ намуд.

Бо хондани ду ракаат намози ҷаноза шоира Норинисо Алимуҳаммедова ба роҳи охират гусел науданд.

Бояд қайд намуд, ки  Норинисои Алимуҳаммад 25 марти соли 1950 дар деҳаи хушобу ҳаво ва зебоманзари Раззоқи шаҳри Хуҷанд дар оилаи косиб, донандаи хуби китобҳои динӣ, ҳофизи Қуръон ва мухлиси ашаддии ғазалҳои лисонулғайб Хоҷа Ҳофиз Алимуҳаммад-домулло чашм ба олами ҳастӣ во намуд.

Соли 1967 бо дуои падаронаи нависандаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил, ки ба донишу заковати Норинисо қоил шуда, беихтиёр: “Баҳ, баҳ, ганҷ аз вайрона, ганҷ аз вайрона” гуфта буд, аввалин шеърҳояш дар саҳифаҳои рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” рӯи чопро диданд. Аз ҳамон вақт сар карда, то ба имрӯз шоира Норинисо соҳиби қариб бист маҷмӯаи ашъори худ аст.

Китоби нахустини ӯ соли 1980 бо номи “Дунёи умед” аз чоп баромада, аз паси он соли 1983 “Оҳангҳои соҳил”-ро ба бор овард. “Гаҳвораи меҳр”, “Садоқат”, “Сию се ғазал”, “Ҳазору сад сатр” бахшида ба ҳазору сад солагии давлати Сомониён, “Ошёни меҳр”, “Лаҳзаи дидор”, “Дарёи муҳаббат” ва “Меҳвари андеша”-чунинанд номгӯи нопурраи маҷмӯаҳои шоира Норинисо. Соли 2013 бахшида ба синни мубораки шоира ашъори мунтахаб зери унвони “Дар зери чархи гардун...” бо сифати аъло ва ба таври мукаммал нашр гардид.

Барои меҳнати софдилона ва сарсупурдаи халқу миллати арзандаи хеш буданаш аз ҷониби  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Норинисо соли 1998 бо Ордени “Шараф” мукофотонида шуд.

Аъзои Иттифоқи нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии милитсияи тоҷик ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аъзои фахрии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. То соли 2015 ҳамчун намояндаи халқии шаҳри Душанбе дар пайи ободиву озодии мамлакат ва баҳри пешбурди иқтисодиву сарсабзии он талош меварзиданд.

Дафтар матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...