(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Маъруф Муҳаммадзода: «Бонувон-чароғи пурфурўғи хонавода, манбаи адонашавандаи меҳр ва мазҳари ишқу зебоиянд»

Субҳи имрӯз дар театри мазҳака-мусиқии Камоли Хуҷандии маркази вилоят тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи модар баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва Роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Хуршед Сатторзода қабл аз оғози чорабинии расмӣ аз ҷараёни озмуни «Суруди алла» ошноӣ пайдо намуданд. Дар озмун намояндагони тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуда, яке аз суннатҳои ниёкон-сурдуди алларо бо маҳорати баланди эҷодӣ замзама намуданд.
Роҳбари дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Хуршед Сатторзода Номаи шодбошии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояи Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба бонувони шаҳри Хуҷанд расонид, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Дар ҳақиқат, Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин ва нафаси гарму дилнавози ӯ ибтидои ҳастист.

Маъруф Муҳаммадзода: «Бонувон-чароғи пурфурўғи хонавода, манбаи адонашавандаи меҳр ва мазҳари ишқу зебоиянд» Зан – модар сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо, рамзи зебоӣ ва накӯӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими насли инсонӣ мебошад, зеро сиришти ин мавҷуди муқаддас иборат аз меҳри ростину садоқати фитрист. Маҳз Модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву некӯкориро мекорад, то насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол рассад».

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни ироаи табрикоти хеш ба бонувону занон таъкид дошт, ки «Иди Модарон баробари оғози эҳёи табиат - фасли баҳор фаро мерасад, ки мардумро ба ибтидои пешомадҳои нав, нақшаву тадбирҳои тоза ва дар маҷмӯъ ба ободониву созандагӣ ҳидоят менамояд. Ҳамасола 8-уми март дар саросари кишвари ҳамеша-баҳори мо ҳамчун Рӯзи модар васеъ ва бошукӯҳи хос, ба хотири арҷгузорӣ ба бузургии Зан-Модар таҷлил мегардад. Ин иқдом, яъне ҷашни Рӯзи модар аз хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ ва қадршиносии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин олиҳаи зиндагӣ мебошад.

Маъруф Муҳаммадзода афзуд, ки таҷлили Рўзи модар дар кишвари ҳамешабаҳори мо– далели сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаи покгавҳаре мебошад, ки ҳастии худро пурра барои офариниш ва рушду камоли олитарин офаридаи Худованд – инсоният мебахшад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,   мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд: «Тамоми таърихи инсоният маҳсули офаридгории Зан-модар аст. Бузургтарин шахсиятҳои таърих, арбобони давлату сиёсат, илму фарҳанг, адабиёту ҳунар тарбиятдидаву парвардаи модар буданд ва агар гардишу ҷараёнҳо, бурду бохт, арзишу дастовардҳои таърихи инсоният бо ному фаъолият ва мероси онҳо алоқаманд бошад, пас дар ин корнамоии башарият мақом ва манзалати Зан-Модар аз ҳама волотар аст».

Маъруф Муҳаммадзода: «Бонувон-чароғи пурфурўғи хонавода, манбаи адонашавандаи меҳр ва мазҳари ишқу зебоиянд»Раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, ки мулоқоти дирӯзаи иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо бонувону занони фаъол шаҳодати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти арҷгузорӣ ба фаъолияти пурсамари модарону хоҳарони мо дар арсаи меҳнат мебошад. Воқеан ҳам занону модарони тоҷик дар тўли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамеша чароғи пурфурўғи хонавода, манбаи адонашавандаи меҳр, мазҳари ишқу зебоӣ, намо-ишгари покӣ,  намунаи олии меҳрубонӣ ва чашмаи иноят будаанд. Бузургони илму адаб Зан - Модарро пеш аз ҳама сарчашмаи меҳру шафқат, чароғи хонадон, тарбияткунандаи ахлоқи поку ҳамида, ҳидоятгари роҳи ростӣ, тарғибгари суннату анъанаҳои ниёгон ва арзишҳои пурқиммати ҷомеа донистаанд.

Меҳру муҳаббати занони тоҷик аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, бо тору пуди ҷашни бузурги миллиамон – Наврўзи оламоро омезиш ёфта, ба гулҳои ҳамешабаҳори Тоҷикистон бадал гаштаанд, зеро зан ва гул ҷаҳонро зебоӣ мебахшанд.

Маъруф Муҳаммдзода нақши бонувонро дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки имрўзҳо бонувони шаҳри азизамон баробари мардон дар кори пурмасъулияти давлатсозӣ ва давлатдории навин фаъолона ширкат варзида, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаю кишвар ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз занону бонувони шаҳри Хуҷанд низ бо ҳунарҳои миллии дӯзандагию бофандагӣ; зардӯзию гулдӯзи, қуроқдӯзӣ, атласу адрасбофӣ, қолинбофию кулолгарӣ, заргарӣ, гулпар-варӣ, кешбофӣ, сандуқсозию гаҳворасозӣ, қаннодӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ шуғл меварзанд.

Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки шаҳри Хуҷанд аз қадиммулайём бо ҳунару ҳунармандони худ, ба хусус  бо занони гулдасту зарофа-ринаш ифтихор мекард ва имрӯз низ ифтихор дорад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доим дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми суханронии хеш бахшида ба Рӯзи модар бо итминони комил таъкид дошт, ки “Занону модарони иззатманд рисолати ҳамешагии хеш - тарбияи зебоиву иффат, ҳалолкориву покси-риштиро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибис-тиқлоламонро дар рўҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол мерасонанд, то онҳо тавонанд парчами кишварамонро ба сўи уфуқ-ҳои ояндаи дурахшон парафшон намоянд”.

Сипас ба ғолибони  озмуни “Суруди алла”: маҳаллаи “Масҷиди савр” (ҷойи аввал), маҳаллаи “Раззоқ” ҷойи дуюм ва маҳаллаи “Чорчароғ” (ҷойи сеюм) сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр тақдим карда шуд.

Барномаи фарҳангӣ-адабии пурмуҳтаво табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...