05 Март 2018
Таҳти чунин шиор рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ҳафтаи сипаришуда беш аз 10 000 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд, махсусан ҷавонон баҳри сазовор пешвоз намудани ҷашни Наврӯзи байналмилал бо мақсади ободониву тозаву хуррам нигоҳ доштани шаҳр ба кӯчаҳо баромаданд.
Корҳои ободонӣ асосан дар маҳаллаҳои шаҳр, биноҳои баландошёна, назди муассаву ташкилотҳо, хиёбони Раҳим Ҷалил, Раҳмон Набиев, кӯчаҳои Сирдарё, Султон Умаров, шоҳроҳи Истиқлол, соҳили дарёи Сир ва ғайраҳо ба амал омада, маҷмуъи зиёди корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд.
Мардум замини наздиҳавлигии хешро ороста намуда, танаи дарахтонро сафед ва замин киштгардон намуда, ба коштани зироат омода карданд.Ҳашарчиён дар баробари тозакунии муҳити атроф ҳамчунин наздик 1500 адад ниҳолҳои гуногуни ороишӣ, 2300 бех гулҳои ороишӣ, 1600 бех садбарг ва ғайраҳоро шинониданд.
Интизор меравад, ки чунин корҳои ободонӣ то ҷашнгирии Наврӯзи байналмилал идома дода мешавад.
Сокинони шаҳр ҳудуди якчанд майдонҳоро кабудизор ва гулкорӣ намуда, кӯчаву маҳаллаҳои хешро аз партов тоза карданд. Ҳамчунин атрофи корхонаҳои хешро рӯбучин, аз алафҳои бегона тоза ва танаи дарахтонро сафед намуданд.
Маҷмуъан давоми ду рӯз беш аз 350 метри мукааб партов аз ҳудуди шаҳр бароварда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд