(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст аз руи масъала “Оид ба Ҳисобот дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз руи гуруҳҳо, намудҳои замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2018” гузориши Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ шунида шуд.

Таъкид гардид, ки марзи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2018 нисбат ба ҳолати 1 январи соли 2017 бетағйир мондааст. Дар истифодаи корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ 6 миллиону 960 ҳазору 741 гектар, аз он 681 ҳазору 413 гектар замини обӣ қарор дорад. Дар соли 2017 майдони 1 ҳазору 720 гектар заминҳои партови обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, ба заминҳои корами обӣ дохил карда шудааст.

Аъзои Ҳукумати кишвар 8 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ”” - ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Дар кори маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба номивазкунии баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истравшан, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров” қарори дахлдор қабул карда шуд.

Инчунин зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси Ҳукумат лоиҳаҳои як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи солҳои 2018-2020”, “Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”, Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” ва “Дар бораи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ шуд.

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи солҳои 2018-2020” ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ самтҳои афзалиятнок ва сиёсати ояндаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 - ро муайян намуда, ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии заминавии иҷтимоӣ, инфрасохтори мутобиқ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва инчунин зиёд шудани табақаи миёнаи аҳолии шаҳр заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи ин қарор бо мақсади иҷрои банди 1 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вохӯрӣ бо масъулону фаъолони шаҳри Душанбе 15 феврали соли 2017 баён доштанд, таҳия гардидааст.

Мақсади таҳияи лоиҳаи қарор “Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” такмил додани заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва таҳлилу банақшагирии фаъолона ҷиҳати таъмини рушди соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба талаботи низоми воридшавӣ ва мутобиқ сохтани соҳаи мазкур ба бозори ҷаҳонии хизматрасониҳои сайёҳӣ мебошад.

Ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ин тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, ҳифзи амният, таҳкими истиқлолият ва ободии Ватан, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумат ва Қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин иҷрои дигар масъалаҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои мушаххас доданд.

Супоришҳои дигар ба Ҳукумати мамлакат, Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба корҳои ободонию созандагӣ дар саросари кишвар, ба хусус дар пойтахти мамлакат, омодагии ҳамаҷониба ва арзанда ба ҷашну идҳои умумимиллӣ, аз ҷумла Наврӯзи байналмилалӣ, чорабиниҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ, ки соли 2018 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, вусъати корҳои саҳроӣ, дар сатҳи зарурӣ доир кардани кишту кори баҳорӣ, ташкили намоиш фуруши маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани ҳашарҳои умумӣ баҳри таъмини тозагии муҳити зист, дода шуд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...