(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Имрӯз аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон онҳоро қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуд.

Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади мувофиқ гардонидани санадҳои зикргардида бо талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаффоф гардонидани раванди интихоботи Президент, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон таҳия гардидаанд.

16 январи соли 2018 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба имзо расид.

Ҷиҳати иҷрои ин Фармон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» таҳия ва қабул гардидааст.

Мувофиқи ин Қонун ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати ду сол мораторий эълон карда мешавад. Дар давраи мораторий амали як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки салоҳиятҳои мақомоти санҷишро муайян менамоянд, боздошта мешавад. Ҳамзамон, санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, барои давраи мораторий баъди гузаштани муҳлати мораторий низ, ба истиснои ҳолатҳои дар боло зикргардида манъ карда мешавад.

Мувофиқи ин Қонун руйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки ба соҳаи истеҳсолӣ мансубанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод карда шуда, ин Шӯро қарорро дар хусуси ворид намудани шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба Феҳристи субъектҳои дар соҳаҳои истеҳсолӣ фаъолияткунанда қабул менамояд. Дар асоси ин қарор мақоми ваколатдор вазифадор аст, дар давоми на дертар аз се рӯз ин шахсро ба Феҳристи субъектони дар соҳаҳои истеҳсолӣ фаъолияткунанда дохил намояд.

Мақсади эълон намудани мораторий дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ буда, он барои таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам кардани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид ба рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ равона карда шудааст.

Ҳамзамон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастурҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 декабри соли 2017 зикр гардида ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Тоҷикистон низ тағйиротҳо ворид карда шуданд.

Мувофиқи тағйироти ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ ва молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво, ашёи хом барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳое, ки рӯйхати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, аз пардохти боҷҳои гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.

Ҳамчунин мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Кодекси андоз воридгардида ба субъектони соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла фурӯши либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ, воридоти ашёи хом барои истеҳсоли либоси мактабӣ ва таҳвили маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ, воридоти техникаи кишоварзӣ мувофиқи номгӯ, воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, воридоти технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ ва ё ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.

Мувофиқи тағйироте, ки ба моддаи 313 Кодекси андоз ворид карда шуд, имтиёзҳои андозии дар ин модда барои корхонаҳои навтаъсисе, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ пешбинӣ гардида буданд, нисбати корхонаҳои амалкунандае, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ машғуланд, низ паҳн мегардад.

Дар баробари ин корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво ба муҳлати шаш сол аз супоридани андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард ва андоз аз молумулки ғайриманқул озод карда мешаванд.

Дар баробари имтиёзҳои андозӣ дар Кодекси андоз як қатор тағйирот ворид гардиданд, ки ба ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон ва барои рушди соҳибкорӣ мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, гузаронидани назорати камералӣ барои давраҳои санҷишҳои маҷмуиву мавзӯии гузаронидашуда, такроран гузаронидани назорати камералӣ, инчунин зиёда аз як маротиба дар шаш моҳ гузаронидани назорати камералӣ манъ карда мешавад. Дар мавридҳои истисноӣ гузаронидани назорати камералӣ бо супориши хаттии роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ гузаронидан мумкин аст.

Мувофиқи иловаи ба моддаи 81 ҳамин Кодекс воридгардида, санадҳо ва қарорҳои мақомоти андоз, ки бар хилофи талаботи Кодекси мазкур ҳисоб, таҳия ва қабул гардида, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро маҳдуд ё манъ менамоянд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он” асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди онро муайян намуда, талабот ба сифати ғалла, тайёр кардани ғаллаи озуқавӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидоре, ки ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд, воридот ва содироти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, инчунин дигар масъалаҳои ба муомилоти ғалла вобастаро танзим менамояд.

Қонунҳои ба имзорасида ба дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, танзими бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ташкили ҷойҳои кории нав ва беҳдошти зиндагии мардум равона карда шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...