(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маъруф Муҳаммадзода: «Соли равон дар шаҳри Хуҷанд як қатор иншооти фарҳангиву иҷтимоӣ ва сайёҳӣ ба истифода дода мешавад»Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки зиёда аз 40 нафар рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2017 сурат гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳамадзода доир ба нишондиҳандаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр давоми соли 2017 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли пурбарори таърихии таҷлили 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти суръатбахшии истеҳсолот, пешбурди ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ чораҳои амалӣ андешида, ба нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ устуворӣ ва тақвият бахшида шуд”.

altБа таъкиди Раиси шаҳр дар раванди саноатикунонии кишвар аз ҷониби корхонаҳои хурду калони шаҳри Хуҷанд ба маблағи 942,6 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуда, он нисбат ба соли пешина 22,6 дар сад афзоиш ёфта, 34,2 фоизи он (322,1 млн. сомонӣ) ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст. Дар ин давра 20 адад корхонаҳои истеҳсолии хурду миёна (бо назардошти соҳибкорони инфиродӣ) таъсис дода шуда, аз ин ҳисоб 171 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Бо мақсади тақвияти минбаъда ба иқтидори истеҳсолот ҷиҳати ташкили минтақаи саноатӣ дар соҳили рости шаҳр барои соҳибкороне, ки бо истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот фаъолият мебаранд 45 гектар замин ҷудо карда шудааст.

altИттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум зиёда аз 2920 адад ҷойҳои нави корӣ (бо назардошти фаъолияти соҳибкорӣ) таъсис ёфта, 346 нафар бекорон касб омухта истодаанд. Музди миёнаи маоши кормандон бошад, 96,4 сомонӣ афзуда, ба 1222,7 сомонӣ расонида шуд. Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда, иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ 102,0 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 101,6 фоиз таъмин гардид, ки он аз нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан 6,7 ва 2,2 миллион сомонӣ зиёд ворид гардидааст. Бақияи қарзи андоз бошад нисбат ба аввали сол  2,2 млн. сомонӣ, ё  8,7 фоиз кам шудааст. Бояд қайд намуд, ки аз нақшаи 11 намуди андоз 10 намуд пурраю барзиёд таъмин гардида, 78,4 фоизи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ масраф карда шудааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода қайд кард, ки “Аз ҳисоби ба кор андохтани механизми шарикии рушд тавассути ҳамкориҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ 23,7 миллион доллари амрикоӣ сармояҳои дохилию хориҷӣ ҷалб карда шуда, танҳо сармоягузории дохилӣ дар муқоиса бо соли пешина 2,1 маротиба  афзуда, сармояи хориҷӣ бошад 15,3 дар сад зиёд шудааст. Дар самти бунёдкорию созандагӣ зиёда аз 64967 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта шуда, ҳаҷми маблағгузории асосӣ дар соҳаи сохтмон ба 182,4 млн. сомонӣ расида, ба маблағи 190,0 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуд”.

altТаъкид шуд, ки бо мақсади дар сатҳи ба талаботи муосир ҷавобгӯй будани роҳҳо, дар ин давра 98 кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ба масоҳати 31509 м2. ё 44,82 километр роҳҳо корҳои таъмиру мумфаршкунӣ ба сомон расонида шуданд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои иду ҷашнвораҳо зиёда аз 8900 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги бузурги Ватанӣ, шахсони барӯманд, иштирокчиёни сохти конститутсионӣ, ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату ниёзмандон аёдат карда шуда, барои сохтмон ва таъмири хонаҳои истиқоматӣ ба 585 нафар шаҳрвандони камбизоат кӯмаки моддӣ расонида шуда, ба 22 нафар аробачаи маъюбӣ супорида шуд. Инчунин 174 нафар кӯдакони ятиму бепарастор дар 30 маъракаи хайриявӣ хатнатӯй карда шудааст.

altВобаста ба соҳаи маориф зикр гардид, ки баҳри таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 1,6 млн. сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо гардида, ба 425 нафар хонандагони ятиму камбизоат либоси мактабӣ тақдим карда шуд. Хонандагони мактабҳои шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ соҳиби 4 медали тилло, 14 нуқра, 14 биринҷӣ ва 95 мақоми ифтихорӣ гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба Соли ҷавонон зиёда аз 180 чорабиниҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ доир гардида, дар соли 2017 варзишгарони шаҳр ба гирифтани 2811 медал, аз ҷумла, 980 медали тилло, 798 медали нуқра ва 1033 медали биринҷӣ ноил гардиданд. Бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ, соҳибкорон ва сокинони маҳаллаҳо 20 адад майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд.Чорабиниҳои доиргардида барои баланд бардоштани сатҳи маърифати маънавию ҳуқуқӣ ва сиёсии сокинон, аз он ҷумла ҷавонон мусоидат намудааст, ки сатҳи ҷинояткорӣ низ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба миқдори 183 адад, ё 13,3 фоиз кам шудааст.

Ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ чораҳои амалӣ андешида шуда истода, барои қабули меҳмонон 3 хатсайрҳои дохилӣ, ба монанди “Шоми Душанбе”, Искандаркӯл”, “Ҳафткӯли мӯъҷизадор”, 12 меҳмонхонаҳо, 32 ёдгориҳои таърихӣ, 3 ёдгориҳои археологӣ, 25 ёдгориҳои шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат таъсис дода шуда, танҳо соли 2017 58,2 ҳазор нафар сайёҳон дидан намуданд. Аз ин шумора 2053 нафарашон аз хориҷи дур ва 1198 нафар аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил мебошанд.

Раиси шаҳр таъкид дошт, ки “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо дарки масъулият, тамоми имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси олӣ аз 22 декабри соли 2017 ва ҳам-чунин нишондодҳои иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар самти корҳои ободониву созандагӣ ва таъмини зинда-гии шоиста барои мардум сафарбар намуда, меҳнати софдилонаро пеш гирифта, барои рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр саҳми босазо мегузорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд таъмиру азнавсозӣ ва ба истифодадиҳии як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла “Қалъаи Хуҷанд”, боғи “Дӯстии халқҳо”, гимназияи №1, муассисаи таҳсилоти томактабии №28, меҳмонхонаи замонавии “Парламент” ва ғайраҳо пешбинӣ гардидааст.

altСипас, ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз ҷониби рӯзноманигорон, аз ҷумла: Ҷовиди Аштӣ (рӯзномаи “Ҷумҳурият”), Мирзоаъзам Мақсудов (рӯзномаи “Садои мардум), Дилрабо Анорқулова (телевизиони “Суғд”), Ҷамшеди Маъруф (радиои “Пайванд”),  Раънои Муҳаммад (маҷаллаи “Кайҳон), Ҷӯра Юсуфӣ (маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон”), Файзулло Ҳасанов (рӯзномаи “Согдийская правда), Маъсум Имомов (радиои “Озодӣ”), Мадина Поччоева (ОИ “Суғднюс”), Ҳалим Ҷӯраев (ШТР “СМ-1”), Нӯъмони Раҷабзод (рӯзномаи “Омӯзгор”), Фарзона Муродӣ (рӯзномаи “Тоҷикистон”), Шоира Салимова (рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд”), Мастонаи Мӯъминҷон (ШТР “7 ситора”) ва дигарон доир ба самтҳои мухталифии хоҷагии халқи шаҳр, аз ҷумла саҳми бахши хусусӣ дар ташаккулёбии буҷети шаҳр, хизматрасонии коммуналӣ, дастоварди маорифчиёни шаҳр, муроҷиати шаҳрвандон, бартарафкунии оқибати табиӣ рухдода, пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ, таъмиру азнавсозии макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, қадршиносии омӯзгорони пешқадам ва ғайра саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас дарёфтанд.

Дар поёни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки ҳамкории мутақобилаи судмандро ба роҳ монанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...