19 Декабр 2017
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода баромад карда, маҳфили мазкурро аз ташаббусҳои шоиста дар партави мулоқоти дирӯзаи Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ бо аҳли маорифи вилоят арзёбӣ намуд.
Дар бахши навгонињои илмиву адабӣ ва фарњангӣ оид ба муҳимтарин рӯйдодҳои илмиву фарҳангии соли 2017, аз ҷумла китобҳои тозанашр Ислом Раҳимов,номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баромад намуд.
Сипас адабиётшинос Тоҷибой Султонзода, таҳти унвони” Назари интиқодӣ ба китобҳои дарсии адабиёт дар мактабҳо” маърӯза намуда, оид ба ғалату нуқсон ва камбудиҳои китоби дарсии “Адабиёти тоҷик синфи 7” ибрози назар кард. Бо мисолҳои мушаххас аз саҳву иштибоҳҳои муаллифони китоб ба ҳозирин нақл намуд. Баъдан дар мавзӯи “Усулҳои муосири таълими адабиёт дар мактаб” Мирзоҳабиб Аҳмадов номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маърӯза намуда, аз навгониҳои ин соҳа ибрози назар кард. Оид ба мавзӯъҳои зикрёфта байни омӯзгорону устодон баҳси илмиву методӣ рӯи кор омад ва омӯзгорон пешниҳодҳои мушаххаси худро дар беҳдошти таълими адабиёт дар мактаб баён карданд. Аз ҷумла дархост шуд,ки дастурҳои иловагӣ барои таҳлили порчаҳои манзуми китобҳо аз ҷониби муттахассисон таълиф гардад.Ҳамчунин зарурати ҷалби омӯзгорони соҳибистеъдоди мактабҳоро ба таълифи китобҳои дарсӣ ба миён гузоштанд. Пешниҳод шуд ки дар китобҳои дарси синфҳои 7-9 порчаҳои шеърӣ аз назари мавзуву мундариҷа бештар оид ба ахлоқ ва тарбия бошад.
Дар бахши “Минбари шеър” Нурмуҳаммад Ниёзӣ - Шоири Халқии Тоҷикистон дар бораи рисолати шоир дар ҷомеа изҳори назар карда,бо шеърҳои нави хеш ҳозиринро шод сохт. Сарояндаи хушадо Маҳкамхоҷа Баҳоваддинов бо суруди дилнавоз ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшид. Монтажи адабии “ Достони Ватан” дар иҷрои донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров писанди ҳозирин гардид. Дар поён ҳадяҳои Раиси вилояти Суғд ба маърӯзачиён ва ташкилкунандагони маҳфил бахшида шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд