(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

Маъруф Муҳаммадзода ба донишҷӯёни фаъолу аълохон ва ихтироъкор беш аз 20 ҳазор сомонӣ тақдим намуд

Дар толори Муассисаи давлатии «Кохи Суғдиён» мулоқоти ошкоро ва самимии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо донишҷӯёни муассисаҳои олии маркази вилоят, ки аз шаҳри Хуҷанд таҳсил менамоянд, сурат гирифт.
Вохӯриро Олимҷон Мирмухаммедов, сармутахасиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд оғоз намуда, таъкид дошт, ки мулоқоти мазкур дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар чаҳорчӯбаи мулоқоти Раисони шаҳру навоҳӣ бо донишҷӯён сурат мегирад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки «Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сӯи пешрафтҳои навин қадамҳои босубот мегузорад ва дар раванди ҷаҳонишавӣ масъалаҳои марбут ба рӯзгори ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён ҳамчун нерӯи ояндасози миллат дар меҳвари сиёсати Давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад. Маъруф Муҳаммадзода ба донишҷӯёни фаъолу аълохон ва ихтироъкор беш аз 20 ҳазор сомонӣ тақдим намуд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуда, қайд намуданд: «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».
Бо таъбири Маъруф Муҳаммадзода “Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, шумораи умумии ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ ба 80 ҳазору 900 нафар расиданд. Аз ҷумла, 75 нафар олимони ҷавон ва 30 нафар ихтироъкорони ҷавон дар донишгоҳҳои олӣ фаъолият бурда, саҳми арзандаи худро дар пешрафти ҷомеа мегузоранд. Ҷавонони бонангу номуси кишвар дар пайи таҳсил, интихоби касб ва азхуд кардани техникаву технологияҳои муосир талош намуда, дар дохилу хориҷи мамлакат илму донишҳои муосир ва барои киш-варамон заруриро азбар карда истодаанд. Барҳақ бо гуфти Сарвари давлат, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҷавонон ояндаи боэътимоди халқу миллатанд.» Аз ин хотир эътибори ҳамаҷониба ва диққату таваҷҷӯҳи ҳамарӯза ба зиндагӣ, кору таҳсили ҷавонон маҳаки асосии рӯзгори аҳли ҷомеаро ташкил медиҳад”.
Маъруф Муҳаммадзода ба донишҷӯёни фаъолу аълохон ва ихтироъкор беш аз 20 ҳазор сомонӣ тақдим намудРаиси шаҳр гуфт, ки “Бо мақсади ҳавасмандкунӣ ва дастгирии моддиву маънавии хонандагон ва донишҷӯёни мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсей ва гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, коллеҷҳо ва донишгоҳҳои олӣ, ки дар давоми соли хониши 2016-2017 худро аз ҷиҳати донишу малака ва иштирок дар чорабиниҳои оммавию фарҳангии шаҳр хуб нишон додаанд, супоридани стипендияи Президенти кишвар, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин радиф стипендияи Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд ба ҳукми анъана даромадааст ва шумоён ҷавонони фаъоли шаҳр барои чунин ғамхориву пуштибонӣ барои пешрафти Тоҷикистони азиз, барои тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Рахмон кӯшиш ба харҷ диҳед. Соли ҷорӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 100 стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд таъсис ва муқаррар карда шуд. Бо назардошти Соли ҷавонон теъдод ва ҳаҷми стипендияҳои Раиси шаҳр 54 фоиз зиёд гардид. Боиси қайд аст, ки соли равон бори нахуст барои 20 нафар варзишгарони шаҳр, ки дар соли 2016 ба дастоварди баланди варзишӣ ноил гардиданд, стипендияи Раиси шаҳр супорида шуд”.
Дар идомаи суханронии худ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зикр дошт, ки дар ҳама давру замонҳо маъвои асосии илму дониш таълимгоҳҳо мебошанд. Вобаста ба ин дар тамоми кишварҳои мутамаддин ба рушди таълимгоҳҳо ва ободии онҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад. Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд чор Донишгоҳҳои олӣ, се коллеҷҳо фаъолият мебаранд, ки барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос заминаи мусоид фароҳам меоранд. Зиёд шудани имкониятҳо барои рушди истеъдодҳои ҷавон дар ҷумҳурӣ ва шаҳри Хуҷанд боиси қаноатмандист. Меҳвари вазифагузориҳои Сарвари давлатро дар самти рушди соҳаи мактабҳои олӣ баланд бардоштани сифати таҳсил ва дониши шогирдон, ташаккул додани тафаккури техникии толибилмон, густариши завқи китобхонию китобдустӣ ва сайқал додани маҳорати забондонии онҳо, ҳарчи бештар фаро гирифтани ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ташкил медиҳад.  Дар ин ҷода дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли ҷавонон зиёда аз 180 чорабиниҳои мухталифи маънавию фарҳангӣ ва варзишӣ доир карда шуданд.
Вобаста ба дастоварди варзишии ҷавонон Раиси шаҳр иттилоъ дод, ки “Давоми соли равон дастовардҳои варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ назаррас мебошад. Соли ҷорӣ варзишгарони шаҳр ба гирифтани 2811 медал, аз ҷумла, 980 медали тилло, 798 медали нуқра ва 1033 медали биринҷӣ ноил гардиданд. Дастовардҳои варзишгарон гувоҳи он аст, ки ҷавонон ҳамеша дар боло рафтани эътибори кишвари азизи мо дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузоранд. Хушбахтона, файзи амали сиёсати дурбинона аст, ки имрӯз дар тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа нақши пуртаъсири ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи ояндасоз ба пуррагӣ эҳсос мегардад. Ҳазорон нафари онҳо ба фатҳи қуллаҳои баланди дониш муваффақ гардидаанд ва даҳҳо ҳазори дигарашон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба нафъи Ватан ва ҷомеа содиқона меҳнат мекунанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва таъкид дошт, ки “Ҳар яки моро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дар баробари ин, тарбияи кадрҳои худшиносу ватандӯст, дорои масъулият ва малакаи баланди касбӣ, соҳиби донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии муосир, фидокор ва содиқ ба Ватану миллат, ҳушёру зирак, муборизи роҳи ҳақиқату адолат тадбирҳои муассир андешем. Бахусус дар айёми пурталотуми имрӯза аз ҳар як узви ҷомеа, махсусан аз Шумо ҷавонон талқин мекунад, ки ба ҳар воқеаи сиёсӣ баҳои воқеӣ дода тавонем. Амалӣ сохтани ин тадбир ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ ва ҷустуҷӯхоҳии ҳар яки Шуморо хоҳон аст. Ҳамаи ин хислатҳо бояд хоси Шумо ҷавонон ояндасозони кишвар бояд бошад”.
Сипас, аз тарафи донишҷӯён Муҳиба Ҷабборова, Фарангис Маҳмудова, Алишер Амиров, Мирзоҷон Мирзоев, Абдукарим Дадобоев, Шафоат Исроилова ва дигарон ба Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода суолу дархостҳои судманд манзур карда шуд.
Бояд таъкид намуд, ки бо иқдоми Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти шаҳр ва бахшида ба эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» байни хонандагони муассисаҳо таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёну олимони ҷавони донишгоҳҳо озмуни “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони шаҳр” гузаронида шуда буд. Ва ҳамин тавр байни хонандагони таҳсилоти миёнаи шаҳр Меъроҷ Маҳмудов ҷойи аввал, Азиза Муродова ҷойи дуюм ва Ҳотамҷон Ҳотамов мақоми сеюмро соҳиб гардиданд.
Донишҷӯён ва олимони ҷавони ғолиб низ муайян гардид ва Парвиз Солиев бо лоиҳаи «Системаи иттилоотии идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ» мақоми аввал, Бурҳониддин Шерматов бо ихтироъи «Усули нави мубориза бар зидди заргинаки сиёҳ» ҷойи дуюм ва Маъруфҷон Ёров бо лоиҳаи «Автоматикунонии муассисаҳои табобатӣ» ба зинаи сеюм соҳиб шуданд.
Дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба ғолибони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 750 сомонӣ то 2000 сомонӣ ва донишҷӯёну устодони ҷавон аз 1000 сомонӣ то 3000 сомонӣ маблағҳои пулӣ дода шуд. Ҳамчунин ба ғолибон сипоснома ва шаҳоданомаи озмун низ тақдим гардид.
Ҳамзамон ба 125 нафар донишҷӯёни фаъолу аълохон, ятиму камбизоат 150 сомонӣ супорида шуд.
Барномаи фарҳангӣ табъи ҷавононро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...