04 Август 2013
Таи як моҳ мешавад ки дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи К. Хуҷандии маркази вилоят, ҳаррузи шанбе соати 18.00, консерти ҳунармандони ҷавон ва шинохтаи вилояти Суғд баргузор мегардад. Санаи 3 август консерти навбатӣ бо иштироки Ихтиёр Сатторов, Анвар Болтуев, Ғолиб Юсупов, Анвар Ахмедов ва Домуллоҷон Юсупов баргзор гардид. Дар консерти ройгон зиёда аз панҷ хазор тамошобинон штирок намуда аз таронаҳои дилангези ҳунармандон баҳраманд гардиданд. Ҳунарнамоии санъаткорон тибқи дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор гашта истодааст. Мувофиқи нақшаи тартибдодаи Бахши фарҳанги Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, ин силсилаконсерт то рузи ҷашни Истиқлолият,- санаи 9 сентябр идома хоҳад ёфт.