03 Август 2013
Ба истиқболи Иди Рамазон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар се мавзеи шаҳри Хучанд,-майдони «Ситораҳои Хуҷанд», маҳаллаи 20-ум ва 12-ум намоиш- фуруши маҳсулоти ниёзи мардум баргузор гардид. Дар он кишоварзони ноҳияҳои Б. Ғафуров, Спитамен, Зафаробод, Ғончӣ ва Шаҳристон ба ҳачми умумии 40 тоннагӣ маҳсулоти кишоварзии аз қабили орду равған биринҷу гушт картошка ва ғайраҳоро манзури сокинони шаҳр гардониданд. Аз рафти баргузории ин намоиш фуруш муовини Раиси вилояти Суғд Аҳмадҷон Қобилов ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дидан намуданд.
А. Қобилов ва Р. Каримов сифат ва нархи фуруши маҳсулоти пешниҳодшавандаро назорат намуда, ба фурушандаҳо бобати риояи қатъии нарх ва маърифати савдо, сифати хизматрасониӣ ва маҳсулот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ба сохторҳои марбутаи идораи кишоварзии вилоят ва шуъбаҳои масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супориш дода шуд, ки барои дастрасии мардум ба маҳсулоти хурокаи нисбатан арзон тамоми имкониятро фароҳам оранд. Тамоми маҳсулоти пешниҳодшаванда аз нархи бозор 25-30% камтар ба сокинони шаҳри Хуҷанд пешниҳод карда шуд.