(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст гузориши Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2022 ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” шунида шуд.

Таъкид гардид, ки Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2022 дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 23 январи соли 2015 таҳия гардида, яке аз ҳадафҳои асосии қабули барнома баланд бардоштани сифати омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи босамари барнома ба Вазорати маориф ва илм, мақомотҳои марказии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф ҳамасола пешбинишуда ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ намоянд.

Сипас, аъзои ҳукумат масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи барномаи корҳои оморӣ барои соли 2018 ва Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 - ро баррасӣ карданд.

Вобаста ба иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа ҷиҳати тарбияи кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар ва бо ин роҳ таъмин кардани муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ, аз ҷумла театрҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо ва шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дастуру супришҳои мушаххас доданд.

Дар бораи Нақшаи генералии деҳаи Қалъаихумб-маркази ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ва Дар бораи Нақшаи генералии деҳаи Баҳор - маркази ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон раисони ноҳияҳои номбаршуда ҳисобот доданд.

Нақшаи генералии ноҳияҳои номбаршуда бо мақсади муайян кардани стратегияи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳудуди маҳалҳои номбаршуда, таҳия шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дар амал татбиқ кардани нақшаҳои генералӣ ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки барои амалӣ кардани ин барномаҳои ояндадор аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода баранд. Дастур дода шуд, ки дар вақти татбиқи барномаҳо ба масъалаи истифодаи оқилонаи замин, бунёди роҳҳои босифат, таъмини об ва хатҳои обу корез, бунёди иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла биноҳои маъмурӣ, мактабҳо ва манзилҳои зист диққати ҷиддӣ дода шавад. Таъкид карда шуд, ки ҳадафи асосӣ аз андешидани ин тадбирҳо беҳтар кардани шароити иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар мебошад.

Дар охири кори маҷлис Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишвар, вазорату кумитаҳои давлатӣ бобати иҷрои дастурҳое, ки аз маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ бармеояд, супоришҳои мушаххас доданд.

Дастуру супоришҳо ҳамчунин барои дар сатҳи зарурӣ ва бо дастовардҳои беназири меҳнатӣ ҷамъбаст кардани фаъолияти ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат дар охири соли 2017, захираи маводи хӯрока, таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти ниёзи аввал, иҷрои нақшаи кишти тирамоҳӣ, дар амал татбиқ кардани чорабиниҳо вобаста ба ободонии пойтахт, инчунин иҷрои талаботи нақша - чорабиниҳо оид ба давраи зимистони солҳои 2017-2018 ва истифодаи оқилонаи неруи барқ, дода шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки танҳо рӯзҳои охир дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе аз ҳисоби ба системаи гармидиҳӣ пайваст кардани хонаҳои истиқоматӣ бештар аз 4 миллион киловат соат неруи барқ сарфа гардид ва ин яке аз омилҳое аст, ки ин имкон медиҳад мардуми кишвар дар тамоми фасли сол 24 соат бо барқ таъмин бошанд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба воридоти маҳсулоти хурокаи пастсифату ба саломатии мардум зараровари озуқа изҳори нигаронӣ намуданд.

Ҳамин тавр бинобар беэътиноӣ зоҳир кардан ба вазифаҳои ишғолкарда ва беназоратӣ нисбат ба воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрока, аз қабили гушти мурғ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Ибодулло Карим, Хадамоти назорати байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазиров Шералӣ Сафаралиевич ва Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Холмуҳаммад Карим аз вазифа озод карда шуданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...