03 Август 2013
Хабаргирии шахсони ниёзманд ва собиқадорони меҳнат дар арафи Иди Фитр ба ҳукми анъана даромадааст. Санаи 3 август Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба аёдати омузгори собиқадор Ҳақиқатхон Насруллоеваи 88 сола, рассом ва дузандаи моҳир Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, Зулфия Баҳриддиноваи 92 сола, Қаҳрамонмодар, нахустин тракторчизани вилоят соҳиби 110 набера ва абера Рафоат Насимоваи 90 сола, омузгор, собиқадори меҳнат Аълочии Маорифи Халқи Иттиҳоди Шуравӣ Мақсудахон Қосимоваи 80 сола рафт. Шахсони зикргардида дар баробари сокинони куҳансоли Хуҷанд будан, солиёни зиёд дар соҳаҳои мухталифи вилоят меҳнат намуда, соҳиби эҳтироми умум гардидаанд.
Дар навбати худ пирони рузгордида дуои ободии кишвар намуда, сипосмандии хешро барои таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода изҳор намуданд. Дар арафаи Иди Фитр беш аз ҳазор нафар сокинони ниёзманд, собиқадорони ҷангу меҳнат нафарони имконияташон маҳдуд аёдат карда шуда, аз кумаки яквақтаи маводи ғизои баҳраманд хоҳанд шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд онҳоро аз номи Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомали Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Қоҳир Расулзода табрик гуфта, ба онҳо туҳфаҳои хотирави ва маводи хурока супорид.