(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altҲамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти мо ба муносибати ифтитоҳи боз як корхонаи бузурги саноатии мамлакат дар рӯзҳои таҷлили 25 - солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлати ҷавони тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, баргузор мегардад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, кулли сокинони вилояти Суғд ва шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ин санаи фархунда ва ба фаъолият оғоз кардани корхонаи навбунёди металлургӣ самимона табрик намуда, ба ҳар яки шумо рӯзгори босаодат орзу менамоям.

Инчунин, ба сармоягузорон, мутахассисону сохтмончиён, аз ҷумла ба роҳбарияти "Ширкати кӯҳиву саноатии Тоҷикистону Хитой", ки дар бунёди ин корхонаи азими саноатӣ саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён намуда, ба ҳамаи шумо саломативу барори кор мехоҳам.

Бунёди корхонаи металлургии Минтақаи саноатии Тоҷикистону Хитой дар шаҳри Истиқлол, ки боз як қадами ҷиддӣ ба сӯи саноатикунонии мамлакат ба ҳисоб меравад, бо иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна металли сурб дар як сол идомаи раванди бунёдкориву созандагӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон буда, нақши ин коргоҳи бузурги истеҳсолӣ дар рушди соҳаи саноати миллӣ, афзудани иқтидори истеҳсолии мамлакат, даромади буҷет, ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, бахусус, рӯзгори сокинони шаҳр ва вилоят муассир хоҳад буд.

Шаҳри Истиқлол ба ифтихори бузургтарин ва арзишмандтарин дастоварди таърихи навини мардуми тоҷик номгузорӣ шудааст.

Соли 2018 ба таъсисёбии ин шаҳр 80 сол пур мешавад ва ифтитоҳи корхонаи азими металлургӣ дар арафаи ин ҷашн туҳфаи арзанда мебошад.

Даврони истиқлолият, воқеан, марҳалаи эҳёи дубораи шаҳри Истиқлол ба ҳисоб меравад, зеро Ҳукумати кишвар дар ин муддат дар ҷодаи барқарор намудани низоми иқтисодии шаҳр, ободонӣ ва таъмини шароити зиндагии сокинон як силсила иқдомоти назаррасро амалӣ намуд.

Аз ҷумла тавассути ҷалби сармояи мустақим бунёди корхонаҳои саноатӣ оғоз гардида, ҷиҳати ғанигардонии буҷети шаҳр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила беҳтар намудани некӯаҳволии мардум як қатор чораҳои мушаххас амалӣ гардиданд.

Бо ин мақсад, бо шарикони хитоӣ ҷиҳати бунёди минтақаи саноатии муштарак ҳамкориҳои васеъ ба роҳ монда шуданд.

Тибқи нақша минтақаи саноатӣ дар масоҳати умумии 70 гектар бо сармоягузорӣ дар ҳаҷми умумии 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ ташкил карда мешавад.

Дар минтақаи мазкур ду корхонаи металлургӣ, ҳар яке бо иқтидори 50 ҳазор тонна сурб ва руҳ, коргоҳҳои истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои соҳаи саноати маъдан, кислотаи сулфат ва аккумуляторҳо бо ҷалби 1300 нафар мутахассисону коргарон бунёд мегарданд.

Дар корхонаи якуми металлургӣ, ки мо чанд лаҳза пеш ба истифода супоридем, 600 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Чи тавре ки ба шумо маълум аст, хишти аввали бунёди минтақа 4 апрели соли 2014 гузошта шуда, корҳои сохтмони корхонаи металлургии якум бо иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна металли сурб дар як сол моҳи апрели соли 2016 оғоз гардида буданд.

Дар ин муддат дар минтақаи зикршуда 4 коргоҳ ва дигар иншооти зарурии истеҳсолӣ бунёд гардида, имрӯз ба истифода супорида шуданд.

Дар баробари ин, ду пойгоҳи обкашии пуриқтидор ва зеристгоҳи барқӣ сохта шудааст, ки талаботи коргоҳу корхонаҳои минтақаи саноатӣ, инчунин, эҳтиёҷоти сокинони шаҳрро бо оби нӯшокӣ қонеъ мегардонад.

Илова бар ин, дар минтақа корҳои сохтмони инфрасохтори иҷтимоӣ ва таҷдиди роҳҳо ба маблағи беш аз 230 миллион сомонӣ идома доранд.

Соли 2015 дар шаҳри Истиқлол аз ҷониби сармоягузорони хориҷиву ватанӣ бо харҷи 16 миллион сомонӣ корхонаи «Нуқрафом» барои коркарди партовҳои маъдани нуқраи кони «Канҷол» бо иқтидори коркарди 40 ҳазор тонна партови маъдани нуқрадор ё баробари 2 тонна нуқра дар як сол бунёд гардида буд.

Қобили зикр аст, ки Комбинати металлургии “Зарнисор” метавонад барои бунёд ва ба кор даровардани якчанд корхонаи дигари саноатӣ саҳми муассир гузорад, зеро дар ояндаи наздик дар он ғайр аз 50 ҳазор тонна сурб боз 80 - 100 ҳазор килограмм нуқра низ истеҳсол мегардад, ки ин нисбат ба ҳаҷми истеҳсоли имрӯзаи нуқра 40-50 баробар  зиёд аст.

Яъне имкони васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, ашёи рӯзгор ва ғайра аз нуқра пайдо мегардад.

Барои ин роҳбарияти корхонаро зарур аст, ки хатти аз таркиби сурби омехтадор истеҳсол кардани нуқраи тозаро низ ба роҳ монад.

Инчунин, фабрикаи ғанигардонии корхона воқеъ дар шаҳраки Зарнисор ҳамасола зиёда аз 10 ҳазор тонна хокаи мис низ истеҳсол мекунад ва ин имкон медиҳад, ки  ҳамчун ашёи хом истифода гардида, истеҳсоли металли мис дар кишвар ба роҳ монда шавад.

Аз ин рӯ, иқдоми роҳбарияти корхонаи металлургии “Зарнисор” оид ба ҷалби беш аз 100 миллион сомонӣ барои бунёди заводи истеҳсоли металли мис дар кишварамон қобили дастгирист.

Ҳамчунин, боиси қаноатмандист, ки боз як корхонаи дигари кимёвӣ оид ба истеҳсоли сулфати руҳ дар муҳлатҳои кутоҳтарин бо харҷи 120 миллион сомонӣ ва 10 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол бунёд мегардад.

Бо таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Истиқлол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа мунтазам зиёд шуда, танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта якуним баробар афзудааст.

Дар шаҳр иншооту иқтидорҳое мавҷуданд, ки то ҳанӯз аз баҳрабардорӣ берун мондаанд ва дар сурати истифодаи самараноки онҳо  шаҳри Истиқлол метавонад ба яке аз шаҳрҳои бузурги саноатии мамлакат ва намунаи беҳтарини минтақаи саноатӣ мубаддал гардида, дар ҷодаи амалӣ намудани ҳадафи ба кишвари индустриаливу аграрӣ табдил додани Тоҷикистон саҳми басо арзишманд гузорад.

Бо ин мақсад, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр вазифадор карда мешаванд, ки раванди сохтмони дигар корхонаву коргоҳҳои ба нақша гирифташуда, аз ҷумла корхонаи дуюми металлургиро ҷиҳати истеҳсоли металли руҳ вусъат диҳанд ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ба истифода супоридани онҳоро таъмин намоянд.

Тибқи нақша корхонаи мазкур бояд соли 2018 ба фаъолият оғоз мекард.

Дар асоси супориши Роҳбари давлат корхонаи мазкур як сол пеш аз муҳлат ба истифода супорида шуд.

Тавре ки зикр шуд, дар ҳамкорӣ бо “Ширкати кӯҳиву саноатии Тоҷикистону Хитой” дар ду шаҳри саноатии вилоят - Истиқлол ва Гулистон дар ояндаи наздик силсилаи корхонаҳои саноатӣ бунёд карда мешаванд, ки дар онҳо беш аз чоруним ҳазор нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд.

Бинобар ин, зарур аст, ки роҳбарони корхона дар бобати тайёр намудани мутахассисони маҳаллӣ аз ҳоло чораҷӯӣ намоянд.

Инчунин, корхона ба нақшаҳои минбаъдаи худ бунёди кӯдакистон, мактаб ва литсейи касбҳои техникиро ворид намуда, ҳамкориро бо Донишгоҳи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо истифода аз иштироки саноатчиёни ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар мулоқоти имрӯза мехоҳам андешаҳои худро роҷеъ ба бурду бохти соҳаи саноати вилоят низ баён намоям.

Воқеан, вилоят дорои иқтидорҳои бузурги истеҳсолии саноати сабук ва хӯрокворӣ, сӯзишвориву энергетикӣ, истихроҷи маъдан, кимиё, электротехникӣ, масолеҳи сохтмон ва дигар соҳаҳо мебошад.

Хусусан, захираҳои бузурги маъдани нуқраву тилло, уран, сурбу руҳ, сурма, масолеҳи сохтмон, ангиштсанг, нафту газ, нуриҳои минералӣ ва монанди инҳо яке аз омилҳои муҳимми таъминкунандаи рушди иқтисодиёти вилоят ба шумор мераванд.

Дар 9 моҳи соли 2017 суръати рушди соҳаи саноати вилоят 133 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб ба 7 миллиард сомонӣ баробар шудааст.

Дар ин давра дар конҳои ангишти вилоят беш аз  як миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 300  ҳазор тонна зиёд мебошад.

Тибқи нақша истеҳсоли семент дар вилоят то охири сол ба 900 ҳазор тонна мерасад ва қобили зикр аст, ки ҳоло содироти он ба кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.

Соли 2011 ба вилоят аз хориҷи кишвар ба маблағи беш аз 270 миллион сомонӣ (31 миллион доллари амрикоӣ) 340 ҳазор тонна семент ворид гардидааст.

Вале дар 8 моҳи соли 2017 ҳамагӣ 75 ҳазор тонна семент ба маблағи 70 миллион сомонӣ (8 миллион доллари амрикоӣ) ворид шудааст, ки тақрибан чоруним баробар камтар аст.

Дар даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ як корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори истеҳсолии як миллион тонна фаъолият мекард.

Ҳоло дар кишвари мо шумора ва иқтидори истеҳсолии чунин корхонаҳо афзун гардида, тайи солҳои охир танҳо дар вилояти Суғд 5 корхонаи сементбарорӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Тибқи нақша соли ҷорӣ дар вилоят бояд 96 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ таъсис дода шавад.

Дар давоми 8 моҳи соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 45 корхонаву коргоҳҳои нав ба фаъолият шурӯъ кардаанд.

Вале ин натиҷаҳо барои иҷрои нақшаи рушди саноат ва таъмини аҳолӣ бо шуғл қонеъкунанда нестанд.

Корхонаҳои таъсисдодашуда асосан коргоҳҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ ва сабук буда, барои то андозае таъмин кардани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва ивазкунандаи воридот мусоидат менамоянд.

Бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар вилоят ҳоло барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳайё шудааст ва фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» гувоҳи равшани ин гуфтаҳост.

Бо вуҷуди ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода мешавад, ки дар самти татбиқи стратегияи саноатикунонии кишвар аз имкониятҳои мавҷуда ҳарчи бештар ва самаранок истифода бурда, барои ҳавасманд намудани бунёди иншооти саноатӣ ва дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкону роҳбарони корхонаҳо доир ба истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, воридсозии таҷҳизоту технологияҳои муосир, таъсиси коргоҳу корхонаҳои нав, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти нави саноатии қобили рақобат ва ба содирот нигаронидашуда, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Мо бояд бо ташкили корхонаҳои нави саноатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои                      муҳим ҳадафи пешгирифтаамон- саноатикунонии мамлакат, гузариш аз кишвари аграриву саноатӣ ба шакли индустриаливу аграрӣ ва ба ин васила нақшаи аз кишвари воридоткунанда ба мамлакати содироткунандаи молу маҳсулоти тайёр табдил додани Тоҷикистонро ҳарчи зудтар амалӣ намуда, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё созем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар гардонем.

Итминон дорам, ки шумо, саноатчиёни вилояти Суғд барои расидан ба ин мақсад боз ҳам бештар саъю талош хоҳед кард.

Бори дигар ба сармоягузорони ҳамсоякишвари бузургамон – Ҷумҳурии Халқии Хитой барои саҳмгузорӣ дар бунёди корхонаи имрӯза изҳори сипос намуда, ҳамаи шумо - кормандони соҳаи саноати вилоят, соҳибкорону сармоягузорон ва мутахассисону коргарони корхонаи навбунёдро ба муносибати 25 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.

Бароятон дар амалӣ намудани иқдомҳои шоистаи ватандӯстона ва корҳои созандагиву ободкорӣ комёбиву муваффақиятҳои нав орзу менамоям.

Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланди вилояти Суғди бостонӣ бо кору фаъолияти созандаи худ дар баланд бардоштани натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон ва таъмини рӯзгори шоистаи мардуми мамлакат минбаъд низ саҳми сазовор мегузоранд.

Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед!

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...