(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Истиқлол оғоз гардид.

Дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой, ки бо харҷи 57 миллион доллари амрикоӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ва пахши тугма ба фаъолияти калонтарин корхонаи металлургӣ, ки дар марҳилаи аввал истеҳсоли металли сурб ба роҳ монда шудааст, оғози расмӣ бахшида, бо раванди коркарди маъдан ва дигар корҳои дар ин минтақаи саноатӣ анҷомёфта шинос шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якумин сабикаи металли сурб, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал истеҳсол гардид, тамғаи №1-ро гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди Корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол ҳанӯз моҳи апрели соли 2014-ум санги асос гузошта, барои бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода додани он ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.

Иқтидори лоиҳавии Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой дар як сол 50 ҳазор тонна металли сурб буда, дар он 600 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд ва баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми он, ин шумора афзоиш хоҳад ёфт.

Теъдоди зиёди коргаронро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. То ин вақт дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии ин иншооти саноатӣ беш аз 500 нафар бинокор ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намудаанд, ки беш аз нисфи онҳо сокинони маҳаллӣ буданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, пеш аз ба кор даромадани ин корхонаи бузурги металлургӣ мутахассисон дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой омода шуда, имрӯз онҳо навтарин технологияи тавлидотии пешрафтатарин ширкатҳои ҷаҳониро идора карда метавонанд.

Таъкид гардид, ки истихроҷи маъдан ва истеҳсоли хокаҳои сурб, руҳ ва мис дар корхонаи «Зарнисор», воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд анҷом дода шуда, аз он танҳо хокаи сурб барои коркард то ҳадди ниҳоӣ ба корхонаи навтаъсиси ин ширкат дар шаҳри Истиқлол интиқол меёбад.

Ба таъкиди мутахассисони соҳа, ин корхона аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ, истифодаи технологияи пешрафта дар Осиёи Марказӣ назир надорад ва маҳсулоте, ки дар ин ҷо истеҳсол мешавад, ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз коргоҳҳои сурбгудозӣ, тозакунии газҳо, сурбу электоролит, кисларод, коркарди кимёвии об ва дигар иншооти зарурӣ иқдоми пешгирифтаи сармоягузоронро, пеш аз ҳама, дар истифодаи самараноки захираҳои табиии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карда, ба кори онҳо баҳои баланд доданд.

Давоми солҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар мамлакат рушди соҳаи саноати металлургӣ таъмин гардида, корхонаҳои нав ба кор дароварда шуд, ки дар ин замина истихроҷ ва коркарди маъдан то ба ҳадди ниҳоӣ расид ва ин иқдом дар рушди иқтисоди миллӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор овард. Хусусан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин раванд вусъати бештар пайдо кардааст.

Барои бо қувваи барқ таъмин намудани корхонаи металлургӣ зеристгоҳи барқӣ низ сохта шуда, 2 адад трансформатори иқтидорашон 25 ва 16 ҳазор кВт насб гардид. Тибқи маълумоти масъулон истеҳсоли металли сурб дар ин корхона асосан тавассути ангиш, газ ва сӯзишвории дизелӣ сурат мегирад.

Дар ин минтақаи саноатӣ ҳамчунин биноҳои маъмурӣ, ошхона ва ду хобгоҳ барои коргарон бо тарҳи муосир қомат афрохтаанд. Аз ҷумла дар бинои якум ва дуюми хобгоҳ барои истироҳати кормандон шароити мусоиди зист фароҳам оварда шуда, он барои беш аз 600 коргар пешбинӣ гардидааст.

Ду адад пойгоҳи обкашии пуриқтидор, ки дар баробари талаботи минтақа, инчунин эҳтиёҷоти сокинони шаҳри Истиқлолро бо оби нӯшокӣ қонеъ менамоянд, сохта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки минтақаи саноатӣ дар шаҳри Истиқлол дар масоҳати 70 гектар доман густурда, барои бунёди он дар маҷмӯъ 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд.

Оянда дар Корхонаи металлургии Тоҷикистону Хитой боз дар назар аст, ки корхонаҳои нави руҳ, аккумулятор, кислотаи сулфат, нуриҳои минералӣ ва қисмҳои эҳтиётии саноати кӯҳкорӣ сохта шаванд.

Давоми соли равон дар баробари бунёди Корхонаи металлургӣ аз ҷониби ширкати мазкур барои таъмири роҳҳои мошингарди ҳудуди шаҳри Истиқлол 12 миллион ва навсозии як боғчаи бачагона 14 миллион сомонӣ харҷ карда шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи металлургӣ идомаи бунёди силсилаи корхонаҳои Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой мебошад. Истихроҷ ва коркарди маъдани руҳу сурб ва мис чанд сол пеш дар корхонаи «Зарнисор», воқеъ дар шаҳри Гулистон оғоз ёфта буд. Ҳоло дар корхонаи мазкур беш аз 3 ҳазор нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсолот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой ва роҳбарияту фаъолони шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд мулоқоти судманд анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар бахшҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дар назди масъулин доир ба беҳтар намудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва рушди иҷтимоию фарҳангӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

“Хоксору самимӣ бошед ва дар ҳамкорӣ бо мардум фаъолият карда, мушкилоти мавҷударо бартараф намоед”- таъкид намуданд Президенти мамлакат дар охири мулоқот.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

 Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...