30 Октябр 2017
Корҳои ободонӣ асосан дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ва шоҳроҳи Истиқлол ба амал омада, ду тарафи шоҳроҳ тозаву озода гардида, сокинони шаҳр дар он арча ва дигар ниҳолҳои ҳамешасабз шинониданд.
Ҷараёни мумфаршкунии роҳҳо суръати тоза гирифта, дар шоҳроҳи Истиқлол аз маҳаллаи 13 то маҳаллаи 3-и шаҳри Хуҷанд идома ёфта истодааст. Сокинони шаҳр якчанд майдонҳоро кабудизор ва гулкорӣ намуда, кӯчаву маҳаллаҳои хешро аз партов тоза карданд. Ҳамчунин ҳудуди корхонаҳои хешро рӯбучин, аз алафҳои бегона тоза ва танаи дарахтонро сафед намуданд.
Маҷмуъан давоми ду рӯз беш аз 20 тонна партов аз ҳудуди шаҳр бароварда шуд.
Бояд қайд намуд, ки чунин корҳои ободониву тозакунии муҳити атроф то ҷашни 25 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома меёбад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд