01 Август 2013
Дар арафаи иди Рамазон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов собиқадорони меҳнат –шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷандро ба ҳузур пазируфт. Дар оғози суҳбат Раиси шаҳр доири дастовардҳо маълумот дода, қайд намуд,ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сиёсати ғамхоронаи худро ҳамеша нисбати собиқадорони меҳнат ва шахсони баруманд амалӣ менамояд.
Мумфарш гардидани роҳҳ ои шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, ивази қубурҳои обтаъмикунии маҳаллаҳои маркази вилоят, ба фаъолият шуруъ намудани чанд корхонаҳои саноатӣ ва рафти корҳои ободонӣ аз номгуи нопурраи мисолҳои мушаххасест, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят ба сомон расонда истодааст.
Собиқадори меҳнат Биҳоҷал Раҳимова ҳамчунин илова намуд, ки маҳз бо дастгирии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи супориши иҷтимоӣ» дар намунаи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо И.Ҷ. «Чашмаи ҳаёт» дар самти омода намудани духтарони маҳаллӣ барои оиладорӣ шоёни таҳсин аст.
Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд зикр намуданд ки онҳо пайваста дастгирӣ ва ғамхории Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Хуҷандро эҳсос менамоянд ва омода ҳастанд барои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандустӣ ободкорӣ ва ахлоқи ҳамида, дар як саф бошанд. Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов аз шахсони баруманд даъват ба амал овард, ки барои тарғиб ва иҷроиши ҳамаҷонибаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар маҳалҳо ва байни мардум аз таҷрибаи бойи зиндагии худ истифода намоянд.
Ба ҳозирон аз номи Президенти кишвар ва Раиси вилояти Суғд туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Мулоқот судманд ва самими баргузор гашт.