01 Август 2013
Ба истиқболи Иди Рамазон дар шаҳри Хуҷанд намоиш- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар се минтақаи шаҳр –«Ситораҳои Хуҷанд», маҳаллаҳои 20-ум ва 12-ум кишоварзони ноҳияҳои Б Ғафуров, Зафаробод, Спитамен, Ғончӣ ва шаҳрҳои Конибодому Истаравшан, маҳсулоти худро барои сокинони маркази вилоят, бо нархи нисбатан аз бозор 20 -25% арзон пешниҳод хоҳанд кард.
Пешбинӣ мешавад, ки аз ҳар як шаҳру ноҳияҳои номбурда зиёда аз 40 тоннагӣ маҳсулоти ниёзи мардумро аз қабили орду биринҷ, равған, сабзавоту меваҷот ва дигар намуди маҳсулот, ба фурӯш мебароранд.
Ҳамзамон маҳсулоти ниёзи мардум аз ҳисоби КВД «Захираҳои моддии вилояти Суғд» ва Иттифоқи матлуботи вилоят низ ба мардум пешкаш мегардад.