(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иди Меҳргон: баракоти ҳосили деҳқон, файзи дастархон

Субҳи 15 октябри соли равон дар назди театри мазҳака-мусиқии ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд  Иди Меҳргон бо тантана ҷашн гирифта шуд. Дар ин рӯзи иди деҳқонон озмунҳои «Оши палав», «Кадбонуи моҳир», намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳру навоҳии вилоят, маҳсули аҳли эҷоди коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо маҳорати баланд ба маърази тамошо гузошта шуда буд.
Хоҷазода  Ориф Ашӯрӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ва Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд аз растаи намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзии шаҳру навоҳии вилоят боздид ба амал намуда, ба нархҳои анвои пешкашнамудаи деҳқонон мароқ зоҳир намуданд. Бонувони шаҳри Хуҷанд маҳсули кадбонугии хешро бахшида ба Иди Меҳргон ба меҳмонон муаррифӣ карданд, ки бо гуногунанвогии хеш ҳар як бинандаро ба худ ҷалб менамуд. Иди Меҳргон: баракоти ҳосили деҳқон, файзи дастархон

Устодон ва донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд аз таърихи ҷашнгирии Иди Меҳргон силсилабарномаҳои хешро ба маърази тамошо гузошта, таъкид сохтанд, ки новобаста аз гиру дорҳои сиёсию фарҳангӣ ва мазҳабӣ Меҳргони аҷдодӣ тавонист аз гузаштаҳои дуродур то имрўз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд. Зеро Меҳргон ба монанди иди Наврўз таҷассумгари суннатҳои он зинаи инкишофи тамаддуни башарист, ки кулли инсоният онро дар давраҳои гуногун тай намудааст. Аз ин лиҳоз, бисёре аз суннатҳои ин идҳоро одамон  бо ҳусни тафоҳум қабул доранд ва онро ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ меҳисобанд.
Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, муовини Раиси вилоят Суғд ҳозиринро бо Иди Меҳргон таҳният гуфта, таъкид сохт, ки «Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Ва номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҷашни Меҳргон дар радифи Наврӯзу Сада аз куҳантарин идҳои машҳури халқи тоҷик аст. Пайдоиш, рушду такомул ва таҳаввули он ба шуғлу рӯзгори деҳқонон марбут мебошад. Ин ҷашн дар рӯзи 16-уми моҳи меҳр, ки он рӯзро низ рӯзи меҳр меноманд, баргузор мегардид.
Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, “Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешуд. Он дорои эътидои кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро меҳр гузоштаанд”. Аз ин рӯ, рӯзи меҳр ба муносибати ғундоштани ҳосили боғу зироат ва шукргузорӣ аз неъматҳои Замин-Модар аз тарафи мардум ҷашн гирифта мешавад.
Имрӯз кишоварзони вилояти Суғд ғамхориву пуштибонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамарӯза дарк намуда, бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон софдилона меҳнат намуда, ҳамасола афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро таъмин карда истодаанд».
Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳамагонро бо Иди деҳқонон ва рамзи фаровонӣ табрик гуфта, аз ҷумла таъкид сохт, ки  «Меҳргон яке аз идҳои қадимии мардуми заҳматкашу меҳнатдӯсти ориёинажод, бахусус тоҷикон ба шумор меравад, аммо як замон он то андозае аз назари мардум дур монда буд. Бо шарофати соҳибистиқлол гардидани кишвар ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Тоҷикистон ин ид ба монанди дигар идҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҷашн гирифта мешавад. Меҳргон  айёмест, ки дар он деҳқонон пас аз ҷамъоварии ҳосили дастранҷи худ ид мекунанду барои соли оянда дуо мекунанд, ки ҳосили аз ин ҳам фаровонтар бигиранд. Дар ин ид онҳо  шодию хурсандӣ мекунанд».
Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки месазад, ки мо иди Меҳргонро низ эҳё намуда, ба ҷаҳониён исбот намоем, ки ин иди мардуми ориёинажод, бахусус мардуми тоҷику форс мебошад. Ниёгони мо вобаста ба ҳар як фасли сол ва ҳар як шебу фарози зиндагӣ монанди  Наврӯз, ки оғози сол аст ва Меҳргон, ки давраи ғунучини ҳосил мебошад, ҷашнҳо доштанду онро таҷлил менамуданд. Бубинед, ки дар Наврӯз ба кишту кор шурӯъ мекунанд, дуои пири деҳқонро мегиранд ва ҳамчунин дар Меҳргон, ки давраи ҳосилғундорӣ ва иди деҳқонон аст, барои мо ҳамчун  ҷашне аз ниёгонамон мерос мондааст.
Сипас барои иштироки фаъолна дар гузаронидани чорабиниҳои Иди Меҳргон ба ҷомеаи меҳнатии коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва саҳм гузоштан ба таъмини амнияти озуқаворӣ, бо нархҳои дастрас пешниҳод нам3удани маҳсулоти кишоварзӣ ба Сарраёсати кишоварзии вилоят ва кишоварзони шаҳру навоҳии  Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Исфара, Конибодом, Мастчоҳ ва Спитамен Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.
Барномаи илмию-фарҳангии адибон Ҷӯра Юсуфӣ, Озарахш, Гулноз ва санъаткорони шаҳри Хуҷанд табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...