30 Июл 2013
Хушҳолии табибону беморон
Бо иқдоми наҷиби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, хоса Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар шаҳр бо суръат идома доранд.
Ин навбат бо кӯмаку дастгирии ҳамаҷонибаи Раиси шаҳр ва дар асоси дархости маъмурияти Беморхонаи бемориҳои сирояткунандаи вилоят кӯчаи назди беморхона ва ҳудуди он пурра таъмир ва мумфарш карда шуд.
Бо ин ҳадаф наздик 85 тонна асфалт ҷудо ва масоҳати беш аз 750 метри квадратӣ мумфарш гардид.
Танҳо масоҳати асфалтхобонидашуда дар ҳудуди беморхона 250 метри квадратиро ташкил дод. Кӯчаи мошингарду пиёдагард аз гардиш то ба назди кӯдакистон, ки болотари беморхона ҷойгир аст, ба масоҳати 500 метри квадратӣ буд.Ин амали хайр ва ташаббуси нек давоми ду рӯз - ҷумъа ва шанбеи ҳафтаи гузашта аз ҷониби кормандони Корхонаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳр таҳти роҳбарии Усмонҷон Аҳмадов амалӣ гардид.
Сардухтури Беморхонаи бемориҳои сирояткунандаи вилоят Абдусалом Ваҳҳобов зимни сӯҳбат баробари изҳори миннатдорӣ, гуфт, ки дар ҷавоби ин ғамхориву меҳрубонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, хоса Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов кормандони ин даргоҳи офият минбаъд низ баҳри нигаҳдории тандурустии ҷомеа, сари вақт табобат намудан ва баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ ба беморон беш аз пеш кӯшиш менамоянд.