(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Фарзона: «Дастархони мо иршоду маърифат, башорат, маънавиёт бошад»Бо мақсади шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд мулоқоти гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони маҳаллаҳо баргузор гардид.
Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода вохӯриро ифтитоҳ намуда аз ҷумла қайд кард, ки тайи се рӯз дар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Хуҷанд мулоқоти гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад. Мардум дар ин вохӯриҳо фаъолона иштирок намуда, аз нуктаҳои муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бархӯрдор ва ҳамзамон ҷонибдорӣ намуда истодаанд. Фарзона: «Дастархони мо иршоду маърифат, башорат, маънавиёт бошад»Сипас, Асрорӣ Мирзошоҳрух, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон маърӯза намуда, зикр кард, ки амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давоми 10 сол бори дигар собит намуд, ки сатҳи иҷтимоиёти мардум бо сарфаю сариштакорӣ боло рафт. Тағйироту иловаҳои навбатӣ низ ба манфиати аҳолӣ нигаронида шуда, дар асоси талабу дархости сершумори мардум ва таҷрибаи мусбати андӯхтаи кишварҳои ҳамҷавор амалӣ карда шудааст. Тамоми тартиби гузаронидани маросимҳои дафну азодорӣ дар асоси ҳукми шариат ва дини мубини ислом таҳия гардида, орӣ аз хурофотпарастӣ мебошад.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ зимни баромадаш гуфт, ки ду Қонуни миллии мо яке Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигаре Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар кишварҳои минтақа ҳамто надорад ва имрӯз қонунгузорони ин давлатҳо кӯшиш намуда истодаанд, ки чунин қонунҳои барои манфиати мардум иншошударо дар қаламрави кишварашон амалӣ намоянд. Дар Қонуни нави танзим меъёрҳои ҷадиди қонунгузор илова шудааст, ки барои гузаронидани маъракаҳои шодиву хурсандӣ ва дафну азодорӣ як қатор сабукиҳоро пешбинӣ намудааст. Он хурофоте, ки бо мурури замон ба анъанаҳои мардуми бархе минтақаи мо дохил шуда, боиси серхарҷии аҳолӣ шуда буд, манъ карда шуданд. Масалан тибқи моддаи 11 Қонуни амалкунанда, ки маросими дафну азодориро танзим менамоянд, тамоми маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом бояд гузаронида шаванд. Аз ҷумла маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Дар маросими дигари манъшудаи «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ» низ забҳи чорво ва додани таом манъ карда мешавад. Инчунин бо мақсади ба низом даровардани гузаронидани маросими дафну азодорӣ тартиби гузаронидани онҳоро мақоми ваколатдор муайян мекунад.
Судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Турсунов доир ба меъёрҳои пешбининамудаи қонун дар сурати вайрон намудани қонуни мазкур шарҳ дода, аз ҷумла афзуд, ки мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ҷавобгарии шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ пурзӯр карда шуда, андозаи ҷарима нисбати шахсони мансабдор аз 250-270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 12500-13500 сомонӣ то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 25 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст. Нисбати шахсони ҳуқуқӣ низ андозаи ҷарима аз 500-520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 25 -26 ҳазор  то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст.
Хусрав Турсунов гуфт, ки барои содир намудани ҳамин кирдор аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, ходимон ва уламои дин бошад, нисбати онҳо ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад. Барои дағалона ё такроран вайрон намудани тартиби гузаронидани анъана ва ҷашну маросим низ  ҷавобгари пешбинӣ гардида, ҳангоми содир намудани онҳо ба шахсони воқеӣ ба андозаи шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 30 ҳазор сомонӣ, ба шахсони мансабдор ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 40 ҳазор сомонӣ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 50 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни болозикр маҳз ба хотири пешгирии вайронкунии он пешниҳод гардидааст.
Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона зимни баромадаш зикр намуд, ки дар Қонуни нави танзим бештар барояш мафҳуми «дастархони маънавӣ» писанд омад. Зеро дастархони маънавӣ ва камхарҷ оростан барои ҳамдигар қути ҷон ва маънӣ додан, беҳтар аз зиёфат оростан аст. Шукри Парвардигор, шукри чароғи башорати миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мо аз сахтиву сӯзиҳои зиндагӣ гузаштем ва ҳаёти рангини мо марҳила ба марҳила пеш рафта истодааст. Дар рӯйи дастархонамон иршоду маърифат, башорат, маънавиёт ороста намоем, тафаккуру андешаи тоза беҳтар аз он зиёфати пур аз шаҳомату салтанат. Мо ба якдигар ҷиҳози маънавӣ ҳадя намоем, на моддӣ. Зеро якумӣ умри бештар дорад. Аз сӯҳбати ҳамдигар тановули ишқу муҳаббат, ҳамзавқӣ намоем. Бонувони мо ба ҷойи он, ки ҳамарӯза таъомҳои гуногунро ба хонаи ҳамдигар кашонанд, хубтар аст, ки барномаҳои хонаводагии хешро муназзам намоянд. Маърифат ва заковати фарзандони хешро парвариш намоянд. Доду гирифтҳо абас ва беҳуда аст. Мутаасифона мардуми мо тамоми андӯхтҳои умри хешро барои тӯю сур ва ё дафн сарф мекунанд, ба ҷойи он, ки ҷаҳони маънавии хешро обод ва абадӣ намоянд.
Бояд зикр намуд, ки худи ҳамин рӯз чунин мулоқотҳо дар коллеҷи тиббии шаҳр ва муассисаи таҳсилоти ҳамагонии умумии №25-и маҳаллаи Чашмаи арзана низ сурат гирифт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...