24 Август 2017
Санаи 23 авугусти соли 2017 аз номи роҳбарияти ВМКБ дар чойхонаи Сирдарёи шаҳри Хучанд барои 200 нафар собиқадорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилояти Суғд дастархон ороста шуд.
Дар оғози дидор Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, аз баргузории ҳафтаи фарҳангии ВМКБ дар вилояти Суғд ёдовар шуд ва изҳор намуд, ки чунин иқдомҳои ваҳдатофар маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада, аз тантанаи сулҳу ваҳдати комил ва ҳамдилии сокинони тамоми ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад.
Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед зимни сухан барои истиқболи гарми беш аз 800 нафар намояндагони Бадахшон, ки бо мақсади иштирок дар ҳафтаи фарҳангӣ ба Суғди бостонӣ ташриф овардаанд, ба роҳбарият ва мардуми вилояти Суғд изҳори сипос намуд.
Сипас, барои собиқадорони меҳнат аз номи меҳмонон туҳфаҳои молӣ ва ҳадяҳои хотиравӣ тақдим карда шуда, барояшон барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки аҳли санъати Суғду Бадахшон пешниҳод гардонида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд