17 Август 2017
Тибқи амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқ гардидаи Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавондухтарон ва омода намудани онҳо ба рӯзғордорӣ, тарғиби таомҳои миллии тоҷикӣ ва пойдории оилаҳо таҳти роҳбарии шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр дар 22 кумитаи маҳалла чорабиниҳои гуногун гузаронида истодаанд.
Дирӯз дар маҳаллаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд маҳфили «Кадбону» бо иштироки як гурӯҳ занони фаъолу духтаракони қадрас доир гардид. Занони маҳалла ба духтаракон тарзи пухтани таоми миллии тоҷикон-оши палав, бастани самбӯса, омодасозии хамир барои пухтани нонро омӯзониданд.
Дар ин чорабинӣ мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Муяссара Сангинова иштирок дошт ва аз рафти чорабиниро назорат кард. Аз сӯҳбат бо мавсуф аён гардид, ки чунин маҳфилҳо дар тамоми маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Мувофиқи нақша то имрӯз дар чаҳор маҳаллаи шаҳр, аз ҷумла, маҳаллаҳои «Сари баландӣ», «Навбаҳор» ва «Дӯстии халқҳо» гузаронида шуд. Бонувон ба духтаракон барои аз байн нарафтани таомҳои аҷдодӣ пухтани хӯроки омоҷ, қичирӣ, угро, туппа, хонуму тушбераро ёд медиҳанд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар нимсолаи аввали соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд 199 адад ҳолатҳои бекоркунии ақди никоҳ дида шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 39 адад зиёд мебошад.
Муяссара Сангинова яке аз омилҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавонро аз омода набудани ҷавондухтарон ба рӯзғордорӣ ва оиладорӣ медонад ва меафзояд, ки баланд бардоштани маърифати оиладории бонувон, ба ҳаёти оилавӣ тайёр кардани онҳо ҳадафи асосии ин гуна маҳфилҳо мебошад.
Бигзор чунин чорабиниҳо ба ҳукми анъана дарояд ва бонувони мо хушбахту саодатманд умр ба сар баранд.
Дилрабо КАРИМЗОДА,
«Тирози ҷаҳон»