16 Июл 2013
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов гурӯҳи калони волидонро, ки бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва бо дастгирии ҳамаҷонибаи Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода барои дидорбинии фарзандонашон ба қисмҳои низомии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва водии Рашту вилояти Хатлон сафар карда буданд, ба ҳузур пазируфт.
Сароғоз Раиси шаҳр аз ҳоли падару модарон ва фарзандон-сарбозон пурсон шуд. Волидон аз шароити хидмати сарбозони Ватан-фарзандонашон, ки худ бевосита аз наздик бо чашмони хеш дидаанд ва хотирашон хеле ҷамъ шудааст, нақлҳои ҷолиб намуданд. Бахусус, модарони сарбозон Дилбар Нуриддинова, Мӯниса Ҳафизова, М.Файзиева, Б.Раҳимова ва падари сарбоз Абдусамад Абдуллоев аз шароити хидмат-ҷойи хоб, хурду хӯрок, таъминот бо сару либос ризомандӣ ва хотирҷамъии хешро баён карданд.Ҳамзамон, ба Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов барои ташкил ва ба роҳ мондани чунин сафари муфид ва хотирмон миннатдорӣ намуданд.
Раиси шаҳр ба роҳбари гурӯҳ, муовини Раиси шаҳр Муҳаббат Бобоҷонова, комиссари ҳарбии шаҳр, полковник Рафиқ Файзиев, санъаткорон, ронандагон барои хидматҳои бузургашон дар гузаронидани сафар изҳори сипос кард.
Дар фарҷом Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов гуфт, ки боздиди хешро ба шаҳрвандони дигар нақл намоянд, то дар даъвати тирамоҳӣ бе ягон хавотирӣ фарзандони хешро ба хидмати ҳарбӣ фиристонанд.