(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд

Дар толори маҷлисҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо намояндагони воситаҳои ахбори омма доир шуд. Дар ин конфронси матбуотӣ муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд сардорони раёсатҳо ва мудирони шӯъбаву бахшҳои шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.
Дар қисмати ифтитоҳии нишаст Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз дастоварду муаммоҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ сухан карда, оид ба даромади буҷети маҳаллӣ ва иҷрои андоз, соҳаҳои саноат ва иқтисод, маориф ва тиб, фарҳангу ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, алоқаву нақлиёт ва сохтмону ободониҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Гуфта шуд, ки нимсолаи аввали соли 2017 барои халқи тоҷик хотирмон буд. Дар ин сол маъракаи муҳими сиёсӣ -20солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Давоми ним соли 2017 иҷрои нақшаи буҷети давлатии шаҳр 160,7 миллион сомонӣ ва буҷети маҳаллӣ 64,9 миллион сомонӣ таъмин гардида, онҳо мутаносибан 104,0 ва 105,0 фоизро ташкил кард, ки он аз нақшаи пешбинишуда дар ҳаҷми 6,2 миллион сомонӣ ва 3,1 миллион сомонӣ зиёд аст.
Бо мақсади таъмини рушди иқтисодиёти шаҳр барои сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ муҳити солим омода карда шуда, дар ин давра 9,7 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла сармояи дохилӣ 4,7 миллион доллар ва 5,0 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.
Дар шаҳри Хуҷанд лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд» марҳилаи дуюм оғоз мегардад. Маблағи умумии ин лоиҳа 5910, 0 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, 3410, 0 доллари амрикоии он  маблағи грантӣ ва 2500, 0 ҳазор доллари амрикоӣ қарзи дарозмуддат мебошад. Дар самти татбиқи лоиҳаи инвеститсионии «Оид ба беҳтар кардани вазъи оби нӯшокии шаҳри Хуҷанд» дар марҳилаи сеюм як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Ҳаҷми умумии маблағгузории ин лоиҳа 10030, 0 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додла, аз он 3500, 0 ҳазор доллар аз ҳисоби қарзи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, 6530,0 ҳазор доллар маблағҳои грантӣ мебошанд. Давоми нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 239,29 ҳазор доллари амрикоӣ корҳо ба иҷро расонида шудааст.
Доир ба масъалаи ободии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ ҳаҷми маблағгузорӣ 66272, 0 ҳазор сомониро ташкил дода, ба маблағи 60069,8 ҳзаор сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шуданд. Маблағҳои мутамарказ яке аз сарчашмаи маблағгузории корҳои иҷрогашта ба ҳисоб рафта, аз ин ҳисоб ба маблағи 19900 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд. Илова ба ин ба маблағи 44528.5 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, аз тарафи корхонаҳои пудратии шаҳр бошад, ба маблағи 61952,3 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ ба анҷом расонида шуданд.
Яке аз муҳимтарин иншооти ин давра сохтмони мактаб барои 1296 хонанда дар микроноҳияи 8-уми шахри Хуҷанд маҳсуб меёбад, ки он соли 2006 оғоз шуда, моҳи сентябри соли равон ба истифода дода хоҳад шуд. Барои ин иншоот то имрӯз ба маблағи 16287,6 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро шуда, то охири сол боз 5212,9 ҳазор сомонӣ корҳо бояд ба иҷро расонида шаванд.
Дар ин муддати фаъолият 8 иншооти маданӣ-маишӣ, истиқоматӣ ва коммуналӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи корхонаҳои саноатии калону миёна ба 154 адад расида, давоми ним соли 2017 ба маблағи 449,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,1 дар сад зиёд аст.
Дастаи толибилмони шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи вилоятӣ 48 мақоми ифтихориро ба даст оварда, дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 14 нафар ин мақомро соҳиб гардид.
Дар нимсолаи аввали соли 2017 як қатор муассисаҳои соҳаи тиб аз таъмири капиталӣ ва косметикӣ бароварда шуданд. Аз он ҷумла, боми шӯъбаҳои таваллудхонаи шаҳрӣ тунукапӯш шуда, шӯъбаҳои қабул ва эҳёи беморхонаи сироятӣ пурра аз таъмир бароварда шуд.
Бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷои кор таъмин кардани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ 15 гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муайян карда шуд.
Пас аз маълумоти муфассал оид ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба саволҳои бешумори намояндагони васоити ахбори омма ҷавобҳои мушаххас дод. Аз он ҷумла, намояндаи оҷонсии «Азия плюс» Мавлуда Рофиева, мухбири рӯзномаи «Садои мардум» Мирзоаъзам Мақсудов, сармуҳаррири маҷаллаи «Кайҳон» Раънои Муҳаммад, хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистон» Фарзона Муродӣ, сармуҳаррири телевизиони «Диёр» Фирӯа Мирҷумъаева, корманди телевизиони «Танин» Сино Ғафурӣ, намоянда аз радиои «Пайванд» Ҷамшед Маъруфов,  намоянда аз телевизиони вилояти Суғд Субҳиддин Шаҳобиддин, намоянда аз радиои «Озодӣ» Маъсуми Муҳаммадраҷаб , муҳаррири ШТР «СМ-1» Ҳалим Ҷӯраев, мухбири АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Дадобоев ва хабарнигори нашрияи «Тирози ҷаҳон» Мавзуна Ваҳҳобова ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Рӯзноманигорон асосан ба мавзуъҳои мубрами рӯз мароқ зоҳир намуда, дар хусуси ояндаи соҳаи саноат, обутаобгоҳи шаҳр, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ворид шудани нақлиёти мусофиркаш, сохтмони бинои баландошёна дар хиёбони Раҳмон Набиев, мушкилиҳои асосии шаҳр, бунёди муассисаҳои фарҳангӣ дар соҳили рости шаҳр савол  доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...