12 Июл 2013
Чойхона-ошхонаи нав баҳри мардум
Дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд яке аз соҳибкори чашми кордону ҳалим ва савобкори хуҷандӣ Умедҷон Ҷӯраев барои 80-90 нафар сокинони шаҳр ва берун аз он чойхона-ошхонаро сохта, ба истифода дод. Он дорои 3 утоrи алоҳида ва толор бо ҷойҳои нишаст муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти фароғатӣ мебошад.
Дар хизмати мизоҷон аз пагоҳ то бегоҳ ошпазҳои соҳибтаҷриба ва пешхизматони чойхона-ошхонаомода мебошанд. Нӯшокиҳои гуногуни ғайриспиртӣ, намудҳои мухталифи таомҳои миллию аврупоӣ тайёр ва пешкаши мизоҷон гардонида мешавад.