09 Июл 2013
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол санаи 8-уми июл дар қаламрави кишвари соҳибихтиёрамон чун Рӯзи маюбон ва пиронсолони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Ба ин хотир субҳи рузи душанбе дар Маркази фарҳангу фароғати қасри Арбоб ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид.
Сароғоз дар даромадгоҳи он байни мардон ва занон мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои шашкаю шохмот ва намоиши маҳсулоти коргоҳҳои хурд ва дастранҷи маюбон гузаронида шуд.
Дар дохили марказ-чойхонаи музайяни Арбоб қисми тантанавӣ бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва наздик 400 нафар маюбону пиронсолон аз тамоми шаҳру навоҳӣ баргузор гардид.Номаи табрики Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзодаро муовини Раиси вилоят Ҷамшед Норинов ба самъи ҳозирин расонида, аз ғамхориву меҳрубониҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри ҷомеа ибрози андеша намуд. Чун анъана дар рӯзи ид чанд нафар аз ҷамъомадагон бо тӯҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд. Бахусус, армуғони арзишнок-панҷ аробачаи маъюбӣ ба маъюбони ниёзманд: Юрий Гакин-бошандаи Хона-парваришгоҳ барои бепаноҳмондагони шаҳри Хуҷанд, Валентина Казакова аз шаҳри Қайроққум, Маъруфҷон Олимов аз шаҳри Исфара ва Турсунбой Fозиев аз ноҳияи Б.Fафуров тақдим гардид. Ҳамзамон, ба кулли иштирокдорони чорабинӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тӯҳфаҳо супорида шуданд.
Табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримовро ба маъюбону пиронсолон муовини Раиси шаҳр Муҳаббат Бобоҷонова расонида, барояшон сиҳатмандии комил, ободии хонадон ва саодатмандӣ таманно намуд.
Муовини аввали раиси кумиҷроияи вилоятии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Анвар Ҷалилов, раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷандии ҳизб Наим Маликисломов ҷамъомадагонро бо ин рӯзи фархунда шодбош гуфта, ба чор нафар ашхоси нав ба узвият қабулгардида билети ҳизбро супориданд.
Дар фарҷом барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандони хушсалиқа Сироҷиддин Худоймерганов, Абдуллоҷон Холматов ва Қобилҷон Деҳқонбоев манзури аҳли нишаст гардид.
Бояд қайд намуд, ки дар асоси нақшаи чорабинӣ аз 1-ум то 6-уми июл мутасаддиён ба аёдати маъюбони барҷомонда дар тамоми шаҳру навоҳӣ рафта, номаи муборакбодӣ ва маҳсулоти ғизоиро расониданд.