08 Май 2017
Бахшида ба Соли ҷавонон дар асоси дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва тибқи нақшаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр дар қисми низомии 3501 -и Қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд намоиши филми ҳунарии "12 соли интизорӣ" баргузор гардид.
Пеш аз намоиши филми мазкур мудири Бахши ҷавонон, варзиш в сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Иматҷонов сарбозону афсаронро бо чорабиниҳои Соли ҷавонон ошно намуда, хайати шахсии ин қисми низомиро бо Иди Ғалаба табрик намуд.
Продюссери киностудияи «Суғдсинамо» ба номи К. Ёрматов Дилошӯб Орифзода доири фаъолияти киностудияи мазкур маълумотдода, зикр намуд, ки минбаъд намоиши филмҳои истеҳсоли ин киностудия дар ин қисми низомӣ ба ҳукми анъана хоҳад даромад.
Роҳбарияти қисми низомӣ барои баргузории чунин чорабинӣ ба ташаббускорон изҳори сипосмандӣ намуданд.