(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Муаррифии китоби нав: Адабиёти форсизабони ЧинТаҳти чунин унвон китоби навбатии докторанти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров Низомиддин Муродӣ ба дасти хонандагон расид. Китоби мазкур, ки ҷилди нахустин буда, тадқиқоти аввалин перомуни адабиёти форсизабони Чин ва таъсири бузургони адаби форсу тоҷик ба адабиёти классикии уйғур мебошад, бо теъдоди 150 нусха дар Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва дар матбааи «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд интишор шудааст.

Ба хотири муаррифии китоби нав дар толори Кохи матбуот бо иштироки аҳли илму адаб маҳфили музайяне доир гардид. Ноиб-ректор оид ба илми ДДХ ба номи академик Б.Fафуров, доктори улуми филология, профессор Матлубахон Хоҷаева дар ибтидои маҳфил зикр намуд, ки воқеан, докторант Низомиддин Муродӣ аз олимони хеле пурсамар ва лаёқатманд маҳсуб мешаванд. Ин аст, ки муаллифи 12 рисола, 70 мақолаи илмӣклассикии форсу  ва илмию оммавӣ оид ба масоили адабиёти классики форсу тоҷик мебошад.

Муаллифи китоб Низомиддин Муродӣ оид ба марҳалаи пасисаршуда баҳри навиштани китоби нав, сафари эҷодӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин ва ошноию ҳамдастӣ, мулоқоту вохӯриҳо бо донишмандони маъруфи ин кишвари афсонавӣ ибрози андеша кард. Қайд гардид, ки китоби «Адабиёти форсизабони Чин» иборат аз муқаддима, 2 фасл, 5 боб, мулҳақот,  сарчашмаҳо ва осори таҳқиқӣ (232 саҳифа) буда, зери сарпарастии директори генералии ҶДММ «ЮБТ-принт» Обидхон Муҳитдинов рӯи чопро дидааст.

Сипас олимони варзида Нуруллохон Fиёсов, Ҳалимҷон Зоҳиров, Усмонҷон Fаффоров, Неъматҷон Файзуллоев, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, Насимҷон Ҳамробоев ва дигарон оид ба ҳусну қубҳ ва бурду бохти китоб сухан карда, кори анҷомдодаи Низомиддин Муродиро бузург ва нек баҳри мустаҳкам кардани дӯстиву бародарии ду давлат ва миллат арзёбӣ намуданд.

Нотиқон зикр намуданд, ки адабиёти форсизабони Чин бори аввал аст, ки дар илми филологияи муосири тоҷик муаррифӣ мешавад. Адабиётшиноси ҷавон, вале хеле серғайрату қобилиятнок Низомиддин Муродӣ дар асоси пажӯҳиши доманадори худ маҳсули нахустини таҳқиқи хешро дар риштаи робитаҳои адабӣ барои дӯстони донишманд ва кулли иродатмандон пешниҳод кардааст. Дар ҷилди аввали китоб заминаҳои пайдоиш ва таърихи интиқоли фарҳанги суғдӣ дар кишвари Чин, ташаккулёбии адабиёти форсизабони Чин ва муҳити адабии уйғур то асри ХV нишон дода шудааст. Ҳамзамон, хонандагон метавонанд нахустин маротиба бо яке аз классикони адабиёти уйғур Мавлоно Залилӣ ва ғазалҳои форсӣ-тоҷикии ӯ шинос шаванд. Таҳқиқи мазкур далели боризи интишори ҷуғрофиёи адабиёту фарҳанги миллии мо дар Туркистони Шарқӣ ва Fарби Чин аст.

Дар фарҷом муаллифи китоб иброз намуд, ки алҳол танҳо ҷилди якум дастраси хонандагон гардидааст ва дар ояндаи наздик ҷилдҳои сонии китоб интишор ва ба дасти дӯстдорони адабиёт хоҳад расид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...