(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мулоқот бо ҷавонон бахшида ба Соли ҷавонон Дирӯз, 21 феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси нақшаи – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқот бо донишҷӯён баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур Шарифзода Шариф Файз раиси шаҳри Хуҷанд, Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Раъно Бобоҷониён муовини раиси ҲХДТ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, Дилрабо Мансурова, Ҷаббор Ахмедов, рӯзноманигорон ва зиёда аз 300 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Нахуст, Шарифзода Шариф Файз раиси шаҳри Хуҷанд ба сухан баромада, иброз намуд, ки мулоқоти мо дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки ҷавонони саодатманди кишвар аз эълон гаштани Соли ҷавонон истиқбол намуда, бо ғайрату илҳоми тоза ҷиҳати татбиқи амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои Соли ҷавонон саъю талош доранд. Мулоқот бо ҷавонон бахшида ба Соли ҷавонон “Шоистаи ифтихор аст, ки зиёда аз 365 - нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони шаҳрамон имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Россия, Хитой, Малайзия, Олмон, Англия, Фаронса, Дания, Ирландия ва ғайра таҳсили илм доранд. Бештар аз 400-нафар ҷавонони Хуҷанд дар мактабҳои олии пойтахти кишварамон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд” – иброз намуд, Шариф Шарифзода зимни баромади хеш. Сипас, Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар баромади худ, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи хеш соли 2017 -ро ҳамчун Соли ҷавонон пешниҳод намуданд, ки ин боиси ифтихори мо ҷавонони кишвар мебошад. “Наврасону ҷавонон ҷавобан ба ин ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат бояд тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ҳифзу ҳимояи Ватан, рушди илму техника, забонҳои хориҷӣ ва ободии диёри хеш равона созанд“ – гуфт, Аҳтам Абдуллозода. Инчунин дар рафти мулоқоти мазкур донишҷӯён Амирҷон Ӯрунов, Бадриддин Тоҷибоев, Фарангис Махкамова, Ҳилол Султонов, Шавкатҷон Абдувалиев, Санавбар Юсупова, Муродҷон Абдурашидов, Ислом Исмоилов ва Мунирхон Ибодуллоев суханронӣ намуда, доир ба масъалаҳои гуногун саволу пешниҳодҳои худро иброз намуданд. Дар охири мулоқот як қатор донишҷӯёни фаъолу ташаббускор аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо диплом ва кӯмакҳои яквақтаи молиявӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...