10 Декабрь 2016
Недоступен ни однин перевод.
Бо назардошти мактуби Корхонаи воҳидии давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал»-и шаҳри Хуҷанд аз 24 ноябри соли 2016, №1906, Раиси шаҳри Хуҷанд аз санаи 08 12 соли 2016 № 511 қ а р о р ба имзо расонд,ки тибқи он нархномаи нави таъминоти оби нӯшокӣ, рафъи партовобҳо ва корҳои хизматрасонӣ дар Корхонаи воҳидии давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал» тасдиқ гардида аз 1 январи соли 2017 ҷорӣ карда мешавад.
р/т |
Номгӯи истифодабарандагон
|
маблағ (сомонӣ) |
1. |
Хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ:
барои аҳолӣ ба 1 м3 барои ташкилотҳои буҷетӣ ба 1 м3 барои ташкилотҳои ҳисоби хоҷагӣ ба 1м3 |
1,00 1,70 6,00
|
1. |
Хизматрасонии партовобҳо:
барои аҳолӣ ба 1 м3 барои ташкилотҳои буҷетӣ ба 1 м3 барои ташкилотҳои ҳисоби хоҷагӣ ба 1м3 |
0,60 1,00 1,70
|
Нархнома барои ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандагон ба истиснои аҳолӣ бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда муайян карда шудааст.