14 Октябр 2016
Мавриди зикр аст, ки дар озмуни имсолаи «Тирамоҳи заррин» 38 муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок карданд. Ҳайати ҳакамон озмунро ҷамъбаст намуда, беҳтаринҳоро муайян намуданд.
Дар бахши ташкили намоишгоҳ мақоми аввал насиби гимназияи №13, ҷойи дуюм МТМУ №16, 7, ҷойи сеюм мактабҳои №25 ва 17 гардид. Дар бахши саволу ҷавоб ғолибият насиби гимназияи №1 ва мақоми дуюму сеюмро литсейи №1, МТМУ №8 ва МТМУ № 3 ва 21 мушарраф гаштанд.
Дар бахши ҳимояи рисола ва рефератҳо мактаби №18 сазовори ҷойи аввал, мактаби №27, М/Х ба номи Пӯлотов мақоми дуюм ва гимназияи №24 ва М/Х Ирфон ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Дар бахши намоиши гулҳои зимистона ва ороишӣ ҷойи аввал насиби мактаби №28, ҷойи дуввум насиби М/Х «Паймони азизон», МТМУ№12 ва мақоми сеюм насиби М/Х Ганҷ ва ЛДП гардид.
Ба ғолибон дипломи дараҷаи 1, 2 ва 3 тақдим карда шуд. Ғолибони ҷойи якум ба даври вилоятии озмун, ки санаи 19-уми октябр дар ноҳияби Ҷаббор Расулов баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.