18 Январ 2016
Дар ин ҳашари умумишаҳрӣ бештар аз 10 ҳазор нафар сокинони шаҳр кормандони идораю ташкилотҳо ва муассисаҳо новобаста аз шакли моликият иштироки фаъолона намуданд.
Дар ин рӯз бо қувваи ҳашарчиён бештар аз 2 ҳазор ниҳолҳои сояафкану мевадор ва наздики ҳазор бех гулҳои ороиши шинонда шуд. Дар баробари ин кормандони идораҳои хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳр зиёда аз 30 ҳазор метри мукааб ҷуйборҳоро тоза намуда, кӯчаю хиёбонҳои шаҳрро аз бештар як тонна партов тоза намуданд.