04 Январ 2016
Масъулини Беморхонаи № 1 шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, ки ҷарроҳии мазкур давоми 6 соат аз ҷониби табибони Маркази пайваст намудани узвҳо ва бофтаҳои шаҳри Душанбе Бахтиёр Боиров, Оқилҷон Одилов Парвиз Назаров иҷро гардид. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳоло барои идома додани ин амалиётиҷарроҳи табибони номбурда чанде аз мутахассисони беморхонаи шаҳриро бозомӯзӣ менамоянд, ки ин минбаъд барои идома додани амалиёти ҷарроҳӣ дар беморхона аз ҷониби духтурони маҳаллӣ имконият фароҳам меорад.
Духтурон ният доранд баъди ҷорӣ гаштани амалиёти ҷарроҳии пайваст намудани гурда, тариқи ҷарроҳӣ ба пайваст намудани ҷигар низ шурӯъ намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки соли 2016 аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ «Соли фарди солим» эълон гаштааст.