(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

ТАБРИКИ  РАИСИ  ШАҲРИ  ХУҶАНД  БА  ИФТИХОРИ 68-СОЛАГИИ  РӮЗИ  FАЛАБА  ДАР  ҶАНГИ  БУЗУРГИ  ВАТАНӢ

Ҳамдиёрони азиз! Падарони шуҷоу шарафманд!

Фарорасии иди барои тамоми инсонияти тараққихоҳи дунё азизу мӯътабар ва фархунда 68-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро барои ҳар яки Шумо муборакбод мегӯям. Ба кулли мардуми диёри офтобиамон осмони софу беғубор, тани сиҳату хотири ҷамъ, ба падарони матину қаҳрамон давлати пирӣ таманно мекунам.

Шасту ҳашт сол муқаддам дар ҳамин гуна рӯзҳои баҳорон хабари маҳви фашизми гитлерӣ, анҷоми музаффаронаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муждаи Зафар дар рӯи олам танинандоз гардид. Ин ҷанги мудҳиштарин дар таърихи инсоният 1418 шабонарӯз давом карда, ҳаёти 27 миллион нафар мардуми Иттиҳоди Шӯравиро ба комаш фурӯ бурд.

Дар ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсӯз 300 ҳазор нафар тоҷикистониён паҳлӯ ба паҳлӯи бародарони гуногунмиллату ҳаммароми худ Ватанро ҳифз намуданд. 90 ҳазор нафари онҳо аз ҷанг барнагаштанд, дар майдонҳои набард, дар хоки Русияю Украина, Белорусияю Молдова, кишварҳои назди Балтик, Полшаю Руминия, Чехословакияю Венгрия, Албанияю Булғория ва лонаи фашистон Германия ҷавонии ҷовидона дарёфтанд.

Он қаҳрамонӣ, шуҷоат, диловарӣ ва садоқате, ки фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла хуҷандиён дар қатори миллионҳо нафар намояндагони халқу миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон додаанд, намунаи ватандорӣ ва дарси олии мардонагӣ буда, дар китоби таърихи Ватан бо хатҳои заррин сабт шудааст ва насли ҷавони имрӯза вақте ки онҳоро варақгардон мекунад, дар мисоли садоқатмандию ватанпарастии бобоён ва падарони шӯҳратманд, дарси садоқату вафодорӣ меомӯзад.

Ҷаноби Олӣ, Президенти кишварамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо гуфтаанд: «Таҷрибаи бой, маслиҳати муфид ва насиҳатҳои собиқадорони ҷангу меҳнат аҳамияти хосаро доро буда, барои наслҳои имрӯзу фардои миллат чун беҳтарин дастури зиндагию фаъолият хизмат мекунад».

Солҳо мегузаранд, вале қаҳрамониҳои безаволи падарону бобоёни шарафманд, хотири неки онҳое, ки барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан дар майдонҳои ҷанг ҷон нисор кардаанд, барои асрҳои дигару наслҳои дигар аз бузургии инсонҳои некному абадзинда огоҳӣ мебахшанд. Ҳушдор медиҳанд, ки тинҷию амонӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта ва муттаҳидию ҳаммаромӣ беҳтарин неъмати тақдир ва таърих будааст.

Дар ин рӯзи нек ба ҳар яки Шумо, ҳамдиёрони азиз, комронию сарбаландиҳо хоҳонам. Бигзор осмон ҳамеша соф, сулҳ дар рӯи Замин ҷовидон бошад!

Идатон муборак бод!

Раиси шаҳри Хуҷанд                                                                                                                                          Раҷаббой Каримов

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...