(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон дар шаҳри Хучанд.Тибқи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2015, №261 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016», қарори Раиси вилояти Суғд аз 26 майи соли 2015, №267 ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 10 июни соли 2015, № 415 корҳои омодагӣ ба мавсими зимистон дар шаҳри Хуҷанд шурӯъ шудааст.
Бо ин мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва назорату иҷроиши нақшаи тасдиқгардида бо супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ситоди зимистонгузаронӣ созмон дода шуда, нақшаи чорабиниҳо иборат аз 14 банд таҳия ва тасдиқ карда шудааст. То имрӯз аз ҷониби шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд барои беҳтар намудани барқтаъминкунии аҳолӣ ва камбор намудани трансформаторҳои мавҷудбуда 4 адад истгоҳи трансформатории нави иқтидораш 400кВА ва 250 кВА насбу васл карда шудааст. Инчунин аз тарафи гурӯҳи татбиқи лоиҳа зиёда аз 9000 метр хати ҳавоии шиддаташ 10 кВт хобонида шуд. Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 7 тонна равғани трансформаторӣ, 13 адад трансфор-матори иқтидораш гуногун, истгоҳи трансформатории маҷмӯи шаҳрӣ 6 адад, кабели буришаш гуногун 11000 метр, пояҳои оҳану бетонӣ 36 адад ва ҷудокунакҳо ба миқдори 1439 адад захира карда шудааст.
Аз ҷониби мутахассисон дегхонаҳои беморхонаи клиникавии шаҳрии № 1, 2 ва таваллудхонаи шаҳриро барои истифода бо намуди алтернативӣ,-ангиштсанг омода карда истодааст.
Тибқи нақша  корхонаҳои давлатии «Истифодабарии манзил»-и соҳили росту чапи шаҳр аз масохати 9000м2 таъмири бомҳои хонаҳои баландошёнаи ба нақша гирифта шуда, айни замон иҷроиш он 6964м2-ро ташкил медиҳад. Таъмир ва ивази қубурҳои обу ташноб тибқи нақша 4000 метр буда, иҷроиш 415 метр, таъмири биноҳои истиқоматӣ тибқи нақша 12 адад, иҷроиш 19 адад, иваз намудани шиша тибқи нақша 120м2, иҷроиш 120м2, тоза кардани тагхонаҳо тибқи нақша 296 адад, иҷроиш 191 ададро ташкил дод.
Бо мақсади пурра таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо ангишт ва гази моеъ дар миқёси шаҳр 18 адад нуқтаи фурӯши ангишт амал карда, дар он 402 тонна захираи ангиштсанг мавҷуд мебошад. Ҳамчунин 21 адад нуқтаи фурӯши гази моеъ дар Ҳолати корӣ буда, захираи он 100 тоннаро ташкил медиҳад.
Муассисаҳои соҳаи маориф 300 тонна ангишт, 140м3 ҳезум ва 705м2 шишабандӣ ба нақша гирифтанд. Айни замон 162,5 тонна ангишт, 60м3 ҳезум захира карда шудааст. Барои истифода дар фасли зимистон 1501 адад гармкунаки барқӣ, 470 адад печҳои бухорӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Барои фаъолияти мунтазами синфхонаҳои компутерӣ 46 адад генераторҳои барқӣ дар ҳолати корӣ қарор дошта, 480 литр сӯзишворӣ захира карда шудааст.
Аз 285 тоннаи талаботи муассисаи тандурустӣ ба сӯзишвории ангишт беморхонаи шаҳрии №1 75 тонна, беморхонаи шаҳрии №2 148 тонна ва таваллудхонаи шаҳрӣ 130 тонна захира карда шудааст.
Барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои садамавӣ ва яхбандии роҳҳо аз ҷониби корхонаи давлатии «Истифодабарии роҳҳо»-и шаҳр захира кардани 100 тонна намак, 350 тонна қум ва 310 литр равғанҳои молиданӣ дар нақшаи корӣ мебошанд. То имрӯз 20 тонна намак, 300 тонна қум ва 200 литр равғани молиданӣ захира карда шудааст ва дар анбори корхона 95 тонна омехтаи моддаи зиддилағжиш вуҷуд дорад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...