30 Апрел 2013
Иди баҳору меҳнат ва Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашонро барои ҳар яки Шумо ва тамоми сокинони диёр аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр табрик намуда, бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ, рӯзгори ободу осуда ва дар кору зиндагии ҳамарӯзаатон комёбиҳо орзу менамоям.
Ин Иди умумиҷаҳонӣ, ки санаи 1 май, дар айёми зебои сол ҷашн гирифта мешавад, таҷассумгари олитарин арзишҳои инсонист, ки меҳнаткашони тамоми ҷаҳонро новобаста аз миллату халқият ва наҷод 127 сол инҷониб ба дӯстиву рафоқат ҳидоят менамояд.
Қиммати ин иди умумибашариро тоҷику тоҷикистониён, ки дар гузаштаи начандон дур парокандагиҳои халқу миллатро дида, туфайли иродаи қавӣ ва ақли солими худ боз ба ҳам омадаанд, хуб медонад. Имрӯз, шукр аз он мекунанд, ки дар фазои сулҳу амният зиндагӣ доранд.
Самараи ваҳдату муттаҳидӣ ва меҳнати содиқонаи пиру барно аст, ки шаҳри Хуҷанд дар замони соҳибистиқлолӣ обод гардида, иншооти зиёди таъиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ қомат афрохт ва ба гӯшаи сабзу хуррами кишвари ҳамешабаҳор табдил ёфт. Ба гуфти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Бузургтарин сарвати Тоҷикистон халқи меҳнатдӯст, мардуми ҷӯяндаву бунёдкор ва бофарҳангу соҳибтадбири мо мебошад».
Бо умеди комёбиҳои нав ба нав, садоқатмандии мардум ва ободии рӯзгор бори дигар кулли тоҷикистониёнро бо Иди 1-уми Май таҳният мегӯям.
Идатон муборак бод!
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов