28 Апрел 2013
Вақте ду бари роҳ ва пайроҳаи ҷӯйбор тоза асту оби мусаффо шилдиросзанон ҷорӣ шуда, ба ниҳолони дарахти меваю сояафкан ва чандин хел нерӯи сабзиш мебахшад, бачагони мактабхон низ хурсанд мешаванд, зеро он самараи меҳнаташон аст.
Омӯзгорон ва хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20 ба номи Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил ҳам ба ташаббуси «300 рӯзи ободонӣ ва сабзкорӣ» якдилона пайравӣ карда, ҳар шанбе ба ҳашари ободонӣ мебароянд.
Шанбеи гузашта онҳо кӯчаю танкӯчаҳои ба номи Исмат Аминов, Себзор ва Хуҷандиро аз хасу хасрӯба ва қоғазҳои беандеша партофтаи мардум тоза карда, об пошиданд.Ҳангоми ҳашар ба писарону духтарон омӯзгорони мактаб Хайринисо Алибоева ва Муҳайё Яҳёева роҳбарӣ карданд. Диданд, ки хонандагон Мақсуда Маннонова, Фирӯза Зоҳидова, Маниҷа Зокирова, Ҳасанҷон Собиров, Абдуқаҳҳор Воҳидов, Манзура Раҳимова ва Марзия Очилова чӣ хел ғайратмандона кор карда, ба ҳамсинфону ҳаммактабон намуна шуданд.
Муаллимону шогирдон кӯшиш мекунанд намунаи ибрати ҳаматон бошанд.