23 Апрель 2013
Дар Қасри фарҳанг вохӯрии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо варзишгарони шаҳр доир гардид. Раиси шаҳр сараввал аз вохӯрии Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода бо варзишгарони вилоят ёдовар шуда, иброз намуд, ки аз ҷониби давлату ҳукумати мамлакат ва вилоят ба соҳаи варзиш ва кормандони он эътибори бештар аз пештар зоҳир карда мешавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов оид ба дастовардҳои варзишгарони шаҳр дар се моҳи аввали соли равон сухан карда, миннатдори худро ба варзишгарон расонд ва гуфт, ки бояд варзишро оммавӣ гардонем. Масъалаи пешбурди варзиш аз ҳар яки мо вобаста аст. Дар ин ҷода мо бояд ҷавононро ҳаматарафа тарбият намоем, ки дар оянда онҳо фахри шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ бошанд. Дар вохӯрӣ намояндагони мактабҳои варзишӣ ва варзишгарони маъруф ҳузур доштанд.Варзишгарон, бахусус камонвари номии ҷумҳурӣ Зебунисо Рустамова фикру андешаҳои худро ҷиҳати ташаккули соҳаи варзишу тарбияи ҷисмонӣ иброз намуда, дархосту пешниҳодҳои худро ба Раиси шаҳр пешниҳод намуданд. Зикр гардид, ки бо ин мақсад гузаронидани мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш ба роҳ монда шавад. Бахусус, аз рӯи намудҳои шиноварӣ, қаиқронӣ, велосипедронӣ талаботи давр аст ва метавонад бисёр ҷавононро ба ҳам оварад ва пеши роҳи шомилшавии онҳоро ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ гирад.
Дар охир ба устодону варзишгарони фаъолу пешсаф ифтихорномаву тӯҳфаҳои Раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуданд.