Навгонӣ
05 Июнь 2018
Мувофиқи моддаи 8 Конститутсияи мамлакат дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар асоси бисёрҳизбӣ сурат мегирад. Ягон мафакура аз он ҷумлаи ислом, ба сифати идеологияи давлатӣ эътироф карда намешавад.
Ташкилотҳои динӣ, ки тибқи қонун аз давлат ҷудо мебошанд, ба корҳои давлат дахолат карда наметавонад. Ин маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ, муассисаҳои динӣ аз мақомот идавлатӣ ҷудо карда шудаанд ва имконият надоранд, ки ба мақомоти давлатӣ таъсир расонанд.
Барои мубориза бар зидди экстермизм дар баробари меъёри ҳуқуқии дар моддаи 8 Конститутсия омода инчунин, Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстермизм» (аз с.2003) ва мақомоти ҳуқуқии Тоҷикистон тамоми чораҳои қонуниро меандешиданд, ки мардуми кишварро аз экстермизм ҳимоя намоянд.
Дар шароити имрӯза ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ хатаре чун терроризм ва экстермизм ҳамчун ва боӣаср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои бошарият хатари на камтар аз салоҳиядро ба миён овардааст.
Ин нуқта моро ҳушёр менамояд, ки баҳри мубориза бо ин зуҳуроти нангини аср ҷаҳду талоши бештар намоем.