(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҶАШНИ САДА – ПАРТАВИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ

Ҳамшаҳриёни азиз, меҳмонони ин шаҳри хуршедӣ!

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати тоҷикро бо асолати худ наздик намуд, худшиносӣ ва худогоҳии мардуми кишвар боло рафт ва мероси маънавию таърихии халқи тоҷик эҳё гардид, ки дар саргаҳи ин хештаншиносиҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори Тоҷикистони мустақил мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд.

Чуноне маълум аст, 6-уми декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид. Ин ҷашни мардуми машриқзамин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик, мардуми ориёитабор таърихи хеле куҳан дорад ва бо он ифтихор мекунад. Чуноне дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: «Истиқлоли давлатӣ барои мардуми куҳанбунёди тоҷик имкони таърихие фароҳам овард, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро дар шаклу мўҳтавои наву замонавӣ эҳё ва таҷлил намояд. Ҷашнҳои аҷдоди ориёии мо, ба монанди Садаву Нав-рўз, Тиргону Меҳргон бозтоби пайванди инсону табиат, ойинҳои вобаста ба корҳои кишоварзӣ, инчунин ҳунармандӣ буда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ, моҳият ва мўҳтавои онҳо мебошанд».
Аз ин рў, ҳамасола мувофиқи қонунгузории мамлакат, санаи 30 январ (яъне, даҳуми баҳманмоҳи тақвими хуршедӣ) ҷашни Сада ба таври расмӣ дар қаламрави мамлакат бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ чанд сол аст, ки Сада ҳамчун ҷашни бузурги миллӣ таҷлил мегардад ва мардум бо таҷлили ҷашни Сада ба фасли баҳор омодагӣ мегирад. Дар ин радиф, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамаи шумо, шаҳрвандон ва меҳмонони гиромии шаҳрро ба муносибати ҷашни Сада самимона табрику таҳният мегўям, бароятон ризқу рўзии фаровон, сиҳатмандии комил, рўзгори обод ва дар кору пайкоратон барору пешравиҳо хоҳонам.
Аз рўйи нишондодҳои аксари таърихнигорон бошишгоҳи нахустини қавму қабилаҳои сершумори ориёӣ тахминан чордаҳ-понздаҳ ҳазор сол пеш паҳноҳои Сибири Ғарбӣ, доманакўҳҳои Урал ва даштҳои ҷанубии Рус, аз ҷумла соҳилҳои рўдҳои Обу Енисей то кўли Байкал тўл кашида будааст, ки ба он бозёфтҳои харобаҳои шаҳри Аркаим ва дигар осори бостоншиносӣ шаҳодат медиҳанд. Гурўҳи калони қавму қабилаҳои ориёӣ пас аз оғози яхбандию хунукиҳои шадид аз қисмати шимолии Осиё ночор кўч баста, сўйи минтақаҳои гарми ҷануб ва сарзамини кунунии Осиёи Миёна меоянд, ки гузаштагони дури мо – тоҷикон аз ҳамон тоифаи ориёиҳои дар миёни дарёҳои Ому ва Сир сокингашта пайдо шудаанд.
Ҷашни Сада, ҳамчунин ифодаи пайванди зиндагии инсон бо табиат, даври омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврўз, инчунин, даври ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ маҳсуб меёбад.
Ҷашни Сада рамзи гармиву нур, рамзи ғалабаи некӣ бар бадӣ маҳсуб меёбад, ки мо бо баргузории чорабиниву тадбирҳои оммавӣ онро мутантан истиқбол мекунем.
Бо ифтихор ва итминони комил метавон гуфт, ки мо, мардуми сарбаланду заҳматкаши Хуҷандшаҳри бостонӣ бо баргузории ҷашни миллии Сада шаҳри азизу ҳамешаҷавонамонро боз ҳам ободу пешрафта, шукуфону сарсабз менамоем ва дар иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода камари ҳиммат мебандем.
Ҷашни Сада – муждаи аввалини баҳор мубораку фархунда бод!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...