26 Январ 2024
Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ба таълим ва омӯзиши забони русӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, забони русӣ барои тоҷикон забони дуюми модарӣ аст ва он барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад. Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» аз ҷомеаи омўзгорон ва хонандагон тақозо менамояд, ки ба омўзиши забонҳои хориҷӣ бахусус забони русӣ аҳамияти хоса зоҳир намоянд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд