(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раёсати молия дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» аз 7 декабри соли 2022, №1916 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2022, №626 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» дар нимсолаи якуми соли 2023 як қатор силсила корҳоро ба анҷом расонид.

Дар ин давра ба даромади буҷети маҳаллӣ 140121,8 ҳазор сомонӣ малағҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ворид карда шуданд, ки ин нисбати нақша 8848,8 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 106,7 фоизро ташкил намуд. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 18299,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 115,0 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 10 намуди сарчашмаҳои даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 1 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад аз ҳисоби низоми махсуси андозбандӣ ба маблағи 1160,5 ҳазор сомонӣ кам аз нақша мебошанд, ки дар натиҷа ба буҷети маҳаллӣ 1160,5 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

Дар ин марҳила даромади умумиӣ буҷети шаҳри Хуҷанд ба маблағи 315771,5 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбат ба нақша 29919,5 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 110,5 фоизро ташкил медиҳад. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 44562,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 116,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 10 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 1 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад аз ҳисоби низоми махсуси андозбандӣ ба маблағи 1433,8 ҳазор сомонӣ кам аз нақша мебошанд, ки дар натиҷа ба буҷети умумӣ 1433,8 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

Бақияи қарзи андози андозсупорандагони шаҳр бо назардошти қарзи андози андозсупорандагони калон ба ҳолати 1 июни соли 2023 маблағи 16346,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати аввали соли ҷорӣ ба маблағи 708,2 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Қисми хароҷоти буҷети шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи якуми соли 2023 ба маблағи 147631,0 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин 99,7 фоизро ташкил намуда, барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ алалхусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 101562,6 ҳазор сомонӣ ва ё 68,8 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шуда, барои таъмини маблағгузории моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва пардохти хизматрасонии коммуналӣ 78147,2 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ масраф гардиданд, ки ин 52,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби пардохти музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, кумакпулӣ ва ҷубронпулии аз буҷет пардохтшаванда қарздорӣ ҷой надорад.

Дар ин давра ба даромади суратҳисоби махсуси муассисаҳои буҷети маҳаллии шаҳр 14162,5 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин 83,6 фоизи иҷрои нақшаро ташаккул дода, нисбати нақшаи муайяншуда 2787,5 ҳазор сомонӣ кам мебошад ва аз ин ҳисоб 12850,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат якҷоя бо маблағҷудокунӣ барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 3036,6 ҳазор сомонӣ, пардохт барои хизматрасониҳои коммуналӣ 539,9 ҳазор сомонӣ, хароҷоти захираҳои моддию молӣ 4447,5 ҳазор сомонӣ, пардохти хизматрасонии мутахассисон 506,3 ҳазор сомонӣ, барои гузаронидани таъмири ҷорӣ 420,4 ҳазор сомонӣ, хароҷоти муассисаҳо вобаста ба пардохти ҳиссагузориҳо 410,1 ҳазор сомонӣ ва ғайра маблағҳо ба харҷ дода шуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2023 барои маблағгузории сохтмони асосии иншоотҳои сохташавандаи шаҳри Хуҷанд 17272,0 ҳазор сомонӣ малағҳои буҷетӣ масраф гардиданд.

Дар ин давра мувофиқи буҷети тасдиқшудаи соҳаи маориф ҷиҳати маблағгузории сарикасии муассисаҳои таълимии шаҳр барои 35223 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр 29570,4 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба харҷ дода шуданд, ки ин ба 99,4 фоизи хароҷот нисбати нақша рост меояд ва аз ин ҳисоб барои пардохти музди меҳнати омўзгорон якҷоя бо андози иҷтимоӣ 27011,5 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд, ки ин 91,3 фоизи хароҷоти умумии муассисаҳои таълимии шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар ин марҳила мувофиқи буҷети тасдиқкардашудаи соҳаи маориф ҷиҳати маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти томактабиӣ шаҳр барои 8180 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии шаҳр 10377,0 ҳазор сомонӣ ва ё 99,5 фоизи хароҷот нисбати нақша, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнати мураббиён якҷоя бо андози иҷтимоӣ 9389,1 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд, ки ин 90,4 фоизи хароҷоти умумии муассисаҳои томактабии шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи якуми соли 2023 мувофиқи буҷети тасдиқшудаи соҳаи тандурустии шаҳр ҷиҳати маблағгузории сарикасии муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр барои 201015 нафар аҳолии шаҳр 7776,1 ҳазор сомонӣ маблағҳо ба харҷ дода шуданд, ки ин 99,9 фоизи иҷроиши нақшаи хароҷотии муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар ин давра барои маблағгузории корҳои ободонии шаҳр аз ҷумла, р¬ўбучини кўчаҳои марказӣ, аз кўчаҳо баровардани партовҳо, дар майдонҳо шинонидани гулҳои ороишӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилӣ, таъмири намои берунаи хонаҳои дар кўчаҳои протоколӣ ҷойгиршуда, фаъолияти бомароми фаввораҳо ва корҳои равшаннамоии кўчаҳо, бо воситаи КВДК “Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр, ки ҳамчун фармоишгари асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба корҳои ободонӣ ба ҳисоб меравад, 26392,7 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба харҷ дода шуданд.

Дар ин давра ҷиҳати таъмини моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ҷиҳати ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ва мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни мазкур барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақшаи тасдиқшудаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд, ки маблағи 8848,8 ҳазор сомонӣ жой доштанаш, 30 фоиз ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 2654,6 ҳазор сомонӣ ва 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ 309,7 ҳазор сомонӣ ҳиссагузориҳо саривақт ҳисоб ва равона карда шуданд.

Дар шаҳри Хуҷанд 3 лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ, ки бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (минбаъд БАТР) ҷалб карда шудаанд, амалӣ гардида истода, дар ин давра аз рӯи Созишнома ва мувофиқи ҷадвали пардохти қарзи навбатии КВДК “Хуҷандобуканал” 227284,24 доллари ИМА (2390,9 ҳазор сомонӣ), КДК «Нақлиёти мусофиркашон»-и шаҳри Хуҷанд 938636,16 доллари ИМА (10244,4 ҳазор сомонӣ) ва КВДК «Хизматрасони нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд 280195,4 доллари ИМА (3058,0 ҳазор сомонӣ) аз ҳисоби хизматрасониҳои корхонаҳо қарз бо пуррагӣ пардохт гардидааст.

Раёсати молия дар шаҳр минбаъд низ барои сари вақт маблағгузорӣ намудани муассисаҳои аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағгузоришавандаро зери назорати доимӣ қарор медиҳад ва тамоми чораҳоро меандешад то, ки маблағҳои буҷетӣ мақсаднок ва сарфакорона ба харҷ дода шаванд.


Абдусалом Бобоҷонзода,

сардори раёсати молияи шаҳри Хуҷанд.

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...