(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt

КЎДАКИИ ХУШБАХТОНА НАСИБАТОН БОД!

Кўдакон ва наврасони меҳрубон!

Ҳамасола рўзи 1-уми июн - Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар қаламрави олам таҷлил мегардад ва дар иртибот ба он силсилаи чорабиниву тадбир гузаронида мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳам барои нек тарбия кардани кўдакону наврасон, барои амалишавии даҳҳо барномаи давлатии ба рушди кўдакон вобастабуда, барои хушнудиву болидарўҳии кўдакону наврасон тадбирҳои созандаро роҳандозӣ кардааст.

Дар ин рўзи пурнишот кулли кўдакону наврасони бахтиёри диёрро бо ин санаи таърихӣ табрику муборакбод мегўям ва ба онҳо айёми хуши наврасӣ, осмони софу беғубор, оромию осудагӣ ва хандаҳои беғаши тифлиро таманно мекунам.

Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон байни мардуми мо ҳамчун яке аз рўзҳои муҳим маҳбубият дорад, зеро дар ҳар оилаи мо фарзандону кўдакони маъсум тарбия меёбанд, ки сабаби шодиву хурсандии бепоён аст.

73 сол муқаддам, яъне соли 1950 бо қарори Анҷумани Шўрои федератсияи байналмилалии демократии занон Рўзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кўдак таъсис ёфт ва бори аввал он дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардид.

Ин сана мо, волидайнро, ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кўдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофу рушди зеҳнии бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дўши мост. Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ вазифаву ўҳдадориҳои моро мушаххас намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таваҷҷўҳ ба тақдири кўдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани имконоти моддию маънавиро вазифаи асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн меҳисобанд.

Дар кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кўдакон бо ғамхорию меҳрубонӣ фаро гирифта шудаанд ва дар муҳити оилаву кўдакистонҳо тарбияву таълими хуб дида истодаанд. Ба кўдакони имконияташон маҳдуд ва ятиму бепарастор таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад. Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояшон изҳор медоранд, ки ягон кўдаки ятиму бепарастор ва имконияти ҷисмониаш маҳдуд аз таваҷҷўҳи давлату ҳукумат берун нест. Давлат онҳоро ба паноҳи хеш гирифтааст, таълиму тарбия медиҳад, соҳиби касбу кор мегардонад ва ояндаашонро таъмин месозад…

Воқеан ҳам, кўдакони шаҳри Хуҷанд низ бо меҳру муҳаббат фаро гирифта шудаанд ва аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдоранд.

Дар шаҳр барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи кўдакон тадбирҳои зарурӣ роҳ-андозӣ гардида, таъсиси мактабу кўдакистонҳои замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои соҳаи маориф, ҳифзи тандурустии кўдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон ва баланд бардоштани мақому манзалати мактаб, бунёди майдончаҳои варзишӣ дар маҳалҳо ва микроноҳияҳо, умуман, корҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд.

Бори дигар Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдаконро ба ҳамаи кўдакони некбахти диёр шодбод гуфта, таманнои онро дорам, ки ҳамеша сулҳу ваҳдати тоҷикон побарҷо, кишварамон обод, кўдаконамон саодатманд ва ояндаашон дурахшон бошад.

Айёми хуши кўдакӣ муборак, дўстрўякони азиз, гулғунчаҳои боғи зиндагӣ!

Идатон муборак, дӯстрӯякони азиз!

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...