(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раёсати молия дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» аз 26 ноябри соли 2018, №1553 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №594 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дар соли 2019 як қатор силсила корҳоро ба анҷом расонид.

Дар соли 2019 қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маблағи 183462,0 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин 100 фоизи таъмини иҷрои нақша мебошад. Афзоиши даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда маблағи 27928,4 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 118,0 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра аз 10 намуди сарчашмаҳои даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 3 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад андоз аз даромад, андоз аз фоида ва андоз аз арзиши иловашуда, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷети маҳаллӣ 4509,7 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

Дар ин марҳила даромади умумиӣ буҷети шаҳри Хуҷанд бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маблағи 412634,4 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши амалии он ба маблағи 391030,5 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбати нақша 21603,8 ҳазор сомонӣ кам ва ё 94,8 фоизро ташкил медиҳад. Афзоиши даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли ҷорӣ маблағи 10604,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 102,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 11 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда 4 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад андоз аз даромад, андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷети умумӣ 26454,3 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Бақияи қарзи андози андозсупорандагони шаҳр бо назардошти қарзи андози андозсупорандагони калон ва миёна ба ҳолати 1 январи соли 2019 бо назардошти андози иҷтимоӣ маблағи 18908,6 ҳазор сомониро ташкил намуда, ба ҳолати 1 декабри соли 2019 маблағи 19365,8 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст, ки ин нисбати аввали соли ҷорӣ ба маблағи 457,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети шаҳри Хуҷанд дар соли 2019 бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маблағи 189431,1 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он маблағи 189326,4 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки ин 99,9 фоизро ташкил намуд.

Дар ин давра барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ алалхусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағи 136314,2 ҳазор сомонӣ ва ё 72,0 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шуда, барои таъмини кормандони муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда, ба истиснои соҳаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ, ба маблағи 96818,7 ҳазор сомонӣ музди меҳнат якҷоя бо андози иҷтимоӣ пардохт карда шуд, ки ин 51,1 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил намуда аз ин ҳисоб қарздориҳо ҷой надорад.

Дар соли 2019 барои сохтмони асосии иншоотҳои сохташавандаи шаҳри Хуҷанд нақша бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо маблағи 28656,8 ҳазор сомонӣ муайян карда шуда, иҷроиши амалии он маблағи 28656,8 ҳазор сомонӣ ва ё ин 100,0 фоиз иҷроиши маблағгузории сохтмони асосии иншоотҳои сохташавандаи шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар соли 2019 мувофиқи буҷети тасдиқшудаи соҳаи маориф ҷиҳати маблағгузории сарикасии муассисаҳои таълимии шаҳр барои 35838 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳр маблағи 37528,1 ҳазор сомонӣ маблағ пешбини карда шуда, дар ин давра барои ин мақсад 37496,3 ҳазор сомонӣ ва ё 99,9 фоизи хароҷот нисбати нақша, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнати омўзгорон якҷоя бо андози иҷтимоӣ 31773,8 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд, ки ин 84,7 фоизи хароҷоти умумии муассисаҳои таълимии шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар соли 2019-ум 32 адад мактабҳои таҳсилоти умумии аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд маблағгузоришаванда фаъолият намуда, мувофиқи нақшаи соли хониши 2019-2020 дар мактабҳои шаҳр 1178 синф бо миқдори 35838 хонандагон ва ё ба ҳисоби миёна дар як синф 30,4 талабагон таҳсил намуда истодаанд.

Хароҷоти миёна барои нигаҳдории як хонанда дар мактабҳои таҳсилоти умумии миёна 932,0 сомонӣ ва барои як мактаб 172992,0 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиш мутаносибан 100 фоизро ташкил додааст.

Мувофиқи нақшаи мактабҳо миқдори ставкаи дарсгузарии омўзгорон 1932 ставкаи педагогӣ пешбини гардида, иҷроиши он 100 фоиз ё 1932 ставка таъмин карда шуд.

Дар соли 2019 мувофиқи буҷети тасдиқшудаи соҳаи маориф ҷиҳати маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти томактабиӣ шаҳр барои 8797 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии шаҳр маблағи 15656,8 ҳазор сомонӣ пешбини карда шуда, дар ин давра барои ин мақсад 15604,7 ҳазор сомонӣ ва ё 99,7 фоизи хароҷот нисбати нақша, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнати мураббиён якҷоя бо андози иҷтимоӣ 13314,3 ҳазор сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд, ки ин 85,3 фоизи хароҷоти умумии муассисаҳои томактабии шаҳрро ташкил медиҳад.

Дар 32 кўдакистонҳои шаҳр 330 гурўҳ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он 330 гурўҳро ташкил дода, дар он 8797 кўдакон тарбият мегиранд.

Дар соли 2019 аз буҷети шаҳр 17 муассисаи соҳаи тандурустӣ маблағгузорӣ карда шуда, дар он 3129,5 воҳиди корӣ ба нақша гирифта шуда, дар асл 2946,25 воҳиди корӣ бо кормандон таъмин карда шудааст. Вазифаҳои холӣ аз ҳисоби духтурон 88 воҳиди корӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 47,75 воҳиди корӣ, кормандони хурди тиббӣ 27,5 воҳиди корӣ ва ғайра 20 воҳиди кориро ташкил медиҳад.

Музди миёнаи маоши духтурон ба маблағи 1076,0 сомонӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 695,0 сомонӣ, кормандони хурди тиббӣ 485,0 сомонӣ ва ғайраҳо 655,0 сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он мутанаосибан 1003,0 сомонӣ, 648,0 сомонӣ, 451,0 сомонӣ ва 609,0 сомониро ташкил додааст.

Дар ин давра ҷиҳати таъмини моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ҷиҳати ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ва мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни мазкур барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд, бинобар ҷой надоштани барзиёдии қисми даромади буҷети маҳаллӣ, ба фондҳои мазкур ҳиссасагузорӣ карда нашуданд. Ҳаминро бояд қайд кард, ки бинобар дар семоҳаҳои пеш ҷой доштани иҷрои барзиёди қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд ва аз ин ҳисоб ҳиссасагузорӣ намудан ба фондҳои мазкур, ба ҳолати 1 январи соли 2020 зиёдпардохти маблағ дар Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 1102,5 ҳазор сомонӣ ва барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ 220,5 ҳазор сомонӣ ҷой доранд.

Инчунин, мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, дар соли 2019 аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ маблағи 42,7 ҳазор сомонӣ ҳисоб ва равона гардид. Ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №117, қарори Раиси шаҳр аз 3 майи соли 2019, №320 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020” ба тавсиб расонида шуда, эҳтиёҷот ба ангишт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 барои муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба миқдори 600 тонна ва муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр ба миқдори 801,9 тонна, ҳамагӣ ба андозаи 1401,9 тонна муайян карда шуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷетии соҳаи маорифи шаҳр ба маблағи 530,3 ҳазор сомонӣ барои харидории 845,7 тонна ангишт ва аз ҳисоби маблағҳои буҷетии соҳаи тандурустии шаҳр ба маблағи 312,5 ҳазор сомонӣ барои харидории 580 тонна ангишт ба харҷ дода шуда, дар ин хусус эҳтиёҷот ба ангишт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 бо назардошти 78 тонна бақия аз зимистони солҳои 2018-2019 дар соҳаи тандурустии шаҳр таъмин карда шуданд.

Дар соли 2019 барои рушду нумўъ ва тараққиёти соҳаҳои мухталифи шаҳр аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ тибқи қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр 5335,4 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳр маблағи 938,0 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби захираҳои иловагии буҷети маҳалли 2746,6 ҳазор сомонӣ маблағи равона карда шуданд. Ҳамзамон, дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр бо мақсади дастгирии молиявӣ ва таъмини иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, кўдакони синнашон то 3 сола ва маъюбони модарзод бо дорувориҳо ва бо мақсади таъмини хуни бехатарии донорӣ аз ҳисоби маблағҳои барои ҳифзи саломатии оммаи шаҳр пешбинишуда дар соли 2019 ба Муассисаҳои давлатии «Маркази саломатӣ»-и шаҳрӣ ва беморхонаҳои шаҳрӣ 97,5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, сари вақт маблағгузори карда шуданд.

Дар соли 2019 ба 54 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони ҳифзи сохти конститутсионӣ дар ҷанг дар қаламрави давлатҳои дигар, ҳамсарони дар ин ҷангҳо ҳалокшуда, ҳар моҳ 30 сомонӣ ва дар ин давра 19320 сомонӣ, ба 24 нафар шахсоне, ки барои меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд ҳар моҳ 25 сомонӣ ва дар ин давра 6975 сомонӣ, ба 26 нафар маъюбони бартарафкунии оқибати садамаи нерўгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ҳар моҳ 25 сомонӣ ва дар ин давра 8005 сомонӣ ва ба 14 нафар маъюбони Артиши Шўравӣ ҳар моҳ 30 сомонӣ ва дар ин давра 5040 сомонӣ иловапулиҳо ба нафақа пардохта шуданд.

Дар ин давра аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд иловапулӣ ба 61 нафар гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди вилоят ба маблағи 80850 сомонӣ пардохт карда шуд. Мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи Ҷамъияти «Иттифоқи Чернобил»-и шаҳри Хуҷанд барои соли 2019 ҷиҳати барқарорсозии саломатии иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерўгоҳи барқии атомии Чернобил маблағи 206603 сомони пешбини карда шуда, иҷроиши он 206500 сомониро ташкил дод. Бояд кайд кард, ки дар соли 2019 барои дастгирии табақаҳои алоҳидаи ниёзманди шаҳр, аз ҷумла дар асоси қарорҳои дахлдори Раиси шаҳр аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳр барои расонидани кўмаки яквақтаинаи моддӣ ба муносибати 74-солагии Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 бо мақсади ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 4500 сомонӣ ва шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва на кам аз 6 моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд маблағи 26400 сомонӣ, ҳамагӣ ба маблағи 30900 сомонӣ кӯмкпулиҳои яквақтина пардохт карда шуда, ба 12 нафар шаҳрвандони камбизоат барои дафнпулӣ маблағи 13100 сомонӣ ва барои расонидани кӯмаки моддии яквақта ба 73 нафар шаҳрвандони камбизоат маблағи 94400 сомонӣ, аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ барои гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии баровардани Қўшунҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ аз хоки Афғонистон 10500 сомонӣ, бахшида ба таҷлили “Наврӯзи байналмилалӣ” ба 64 нафар ятимони кулл кӯмаки моддии яквақта 43440 сомонӣ ва ҷиҳати расонидани кўмаки моддии яквақта ба 132 нафар шаҳрвандони камбизоат маблағи 1169735 сомонӣ ҷудо ва пардохт карда шуданд.

Дар соли ҷорӣ бо мақсади таъмини иҷрои қарорҳои Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳр ҷиҳати маблағгузории «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015–2020» аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети маҳаллӣ пешбинишуда 10000 сомонӣ равона карда шуданд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №80 “Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020”, қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 12 ноябри соли 2018 “Дар бораи амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар шаҳри Хуҷанд ба тавсиб расонида шуда, бо мақсади муаррифии ҳарчи бештари имкониятҳои сайёҳии шаҳри Хуҷанд дар байни ҳунармандон оид ба истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ, ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таҳияи маҳзани маълумот оид ба ҳунармандон озмуни шаҳрӣ эълон карда шуда, тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳр дар ин давра барои ин мақсад аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ 6,0 ҳазор сомонӣ маблағҳо ҷудо карда шуданд. Ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140, дар ин давра дар асоси қарори Раиси шаҳр “Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали шаҳрии “Сад ранги чакан” бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ ва бахшида ба “Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” озмуни шаҳрӣ эълон гардида, барои ин мақсад аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ 15000 сомонӣ маблағҳо равона карда шуданд.

Барои татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 “Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, бо мақсади тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифати одоби оиладорӣ, устувории оилаҳои ҷавон, бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидан ва бо мақсади таҷлили Рӯзи байналмилалии оила, қарори дахлдори Раиси шаҳр ба тавсиб расонида шуда, барои ин мақсад аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ 14920 сомонӣ маблағҳо равона карда шуданд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, қарори Раиси вилояти Суғд аз 30 апрели соли 2019, №215 ва қарори раиси шаҳри Хуҷанд “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси шаҳр оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2019”, барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор грантҳои Раиси шаҳр ба маблағи 169160 сомонӣ аз рӯи 40 номинатсия ҷудо ва пардохт карда шуданд.

Инчунин, бахшида ба таҷлили «Рўзи модар» маблағи 23150 сомонӣ, барои дастгирии моддӣ ба 22 нафар раисони шўрои занони маҳаллаҳо ҳар моҳ ба ҳаряке 200 сомонӣ ва дар давоми сол маблағи 66200 сомонӣ, дар 22 маҳаллаҳои шаҳр раисони созмони ҷавонони маҳаллаҳо ба ҳаряке бо музди меҳнати ҳармоҳа ба андозаи 600 сомонӣ таъсис дода шуда ва дар давоми соли ҷорӣ 198000 сомонӣ, барои мукофотонидани ғолибони озмуни шаҳрии “Кадбонуи беҳтарин” маблағи 13312 сомонӣ, барои гузаронидани 33 солагии поси хотири фавтидагони фалокати садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил маблағи 14500 сомонӣ аз ҳисоби захираҳои озоди буҷети маҳаллӣ ҷудо ва сари вақт ба ин мақсад маблағҳо равона шуданд.

Таҳлили мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар 18 муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ маблағи 156644 сомонӣ камбудиҳои молиявӣ, аз ҷумла хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 119600 сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 36474 сомони, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 570 сомонӣ ошкор ва маблағҳои мазкур пурра ба даромади буҷети давлатӣ барқарор карда шуданд.

Раёсати молияи шаҳр минбаъд низ барои сари вақт маблағгузорӣ намудани муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд маблағгузоришаванда ва назорати маблағҳои харҷгардидаро зери назорати доимӣ қарор медиҳад ва тамоми чораҳои таъхирнопазиро меандешад то, ки маблағҳои буҷетӣ мақсаднок ва сарфакорона ба харҷ дода шаванд.

Абдусалом  Бобоҷонзода,

сардори Раёсати молияи шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...