03 Февраль 2020
Аҳли кормандони Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳри Хуҷанд бо мақсади сазовор таҷлил намудани иди умумимиллии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Истиқлоли шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ гузарониданд.
Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо аз як тараф сазовор ҷашн гирифтани ҷашнҳои миллӣ ва ҳифзи муҳити зист бошад, аз ҷониби дигар воситаи хуби тарбияи ватандўстӣ, баланд бардоштани ҳисси эҳтиром ба ватану меҳан ва тарғиби маърифати шаҳрвандӣ мебошад.
Дар боғи таҷдидгардидаистодаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ низ аз ҷониби сохтмончиён корҳои бунёдкорӣ раванди тоза касб намуда, даромади боғ ва роҳҳои атрофи сафолакпӯш гардида истодааст.
Ҷоиз ба зикр аст, ки бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки аз 341 банд бо назардошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ иборат мебошад, корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд. Танҳо дар соли 2019 дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 280 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд