27 Январь 2020
БА ИСТИҚБОЛИ ИДИ САДА
Дар адабиёти тоҷик, хусусан дар эҷодиёти Унсурии Балхӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Фаррухии Сиистонӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Манучеҳрии Домғонӣ ва дар асарҳои Наршахӣ, Абӯ Райҳони Берунӣ, Байҳақӣ, М.С.Андреев, Н.А.Кисляков ва дигарон доир ба ҷашни Сада ва фазилатҳои он дучор омадан мумкин аст.
Е.Э.Бертелс, олими шарқшинос дар мақолаи «Ҷашни Сада дар назми форсу тоҷик» қисмати қасидаҳои мадҳиявии шоирони номбурдаро таҳқиқ намуда, мавқеъ ва муносибати шоҳони он даврро ба ҷашни Сада муайян кардааст. Ба ақидаи ў, баъзе аз шоҳон ҷашнгирии Садаро қабул доштаанд, аммо бархе дигар онро ҳамчун оини бутпарастон ва оташпарастон шумурдаанд. Аз ин лиҳоз, шоирони дарбор низ мувофиқи қабулу назари ин подшоҳон қасидаҳои мадҳиявӣ мегуфтаанд.
Ҳарчанд ин ҷашн ба кеши зардуштӣ хос набудааст, аммо азбаски марбут ба оташ аст ва оташ назди зардуштиён муқаддасу арҷманд аст, имрўзҳо зардуштиёни ҷаҳон аз ин ҷашн пазироӣ доранд. Дар шаҳри Кирмон то ба имрўз суннати оммавии садасўзӣ барҷо мондааст. Мардуми ин ҷо чанд рўз пеш ба ҷашн омодагӣ мегирад, ҳезум ҷамъ оварда, кўҳи ҳезумро ба баландии тақрибан 5-6 метр ва қутрашро то 12 – 14 метр мерасонад. Замони гулханафрўзӣ ба 10 – уми баҳманмоҳ ва наздик ба ғуруби офтоб рост меояд. Мўъбад оташеро аз оташкада оварда, гулханро равшан мекунад. Ба ҷашн ҳазорон нафар мардуми гуногунмазҳабу гуногунқавм ҷамъ омада, хурсандӣ мекунанд ва сайругашти оммавӣ барпо месозанд. Албатта раставу фурўшгоҳҳои сайёр дар хидмати мардум мешаванд. Фардои он рўз баъзе деҳқонон қадре аз хокистари оташи садаро, ки муқаддасу бобаракат мешуморанд, ба замини деҳқониашон пош медиҳанд. Ин амал муҷда аз фарорасии баҳорро ифода мекунад. Оини мазкур бештар ба гулханафрўзии чоршанбесурӣ шабоҳат дорад. Бояд зикр кард, ки дар минтақаҳои гуногуни тоҷикнишини Осиёи Марказӣ маросими чоршанбесурӣ ё чоршанбеи охирон то ба имрўз маъмул аст, ки ба ҷашни Сада маҳсуб аст. Мардум дар ҷоршанбеи охирини сол, ё ба ҳисоби дигар, чоршанбеи охирини моҳи сафар, пеш аз ҷашни Наврўз гулхан афрўхта аз болояш меҷаҳид.
Дар фарҳанги мардуми тоҷик дар қатори дигар бовару эътиқодот ақидаҳо дар бораи Аҷуз ҳамчун намоди зимистон боқӣ мондааст, ки намунаи онро мардумшиносону фолклоршиносон мушоҳида ва сабт кардаанд.
Азбаски одамони қадим аз қонунҳо ва ҳодисаҳои табиат бехабар буданд, бино бар ин дар паси ҳар як фасл ё воқеаи табиҷ қувва ё худоеро тасаввур мекарданд. Дар баъзе минтақаҳо (масалан, Ховалинг, Язғулом) бовар дар бораи Оҷуз ё Аҷузкампир боқӣ мондааст. Мардум онро ҳамҷун намоди (образи) сармо ва зимистони қаҳратун меҳисобид ва бовар дошт, ки дар айёми Наврўз вай мемирад. Дар Язғулом дар ибтидои асри гузашта, мувофиқи маълумоти М.С.Андреев, рўзҳои сарди зимистонро «кампир дар ғор» меномиданд ва дар фасли баҳор «вай ба маконаш меравад, ва дар мўлҷаш меояд», мегуфтанд. Инчунин дар арафаи баҳор ба мазмуни «кампира гиру дар алав парто» ифодае низ ҳаст. Дар робита ба ин мазмун М.С.Андреев мақоли маъруфи «ҳут агар ҳутӣ кунад, кампира дар қуттӣ кунад» - ро дар мақолааш зикр намуда, кампирро рамзи зимистон маънидод кардааст. ( 6. 38 - 50).
Аз навиштаҳои мардумшиносону муҳаққиқони эҷодиёти даҳонии халқ бармеояд, ки тасаввурот дар бораи кампири Аҷуз дар минтақаҳои гуногуни тоҷикнишини Осиёи Марказӣ мухталиф будааст. Агар айёми Аҷузро дар Бадахшони Тоҷикистон рўзҳои хуб ҳисобанд, пас мардуми Ҳисору Яғноб, Искандаркўл ва ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон ва навоҳии Форишу Китоби– вилояти Қашқадарё ва вилоятҳои Самарқанду Ҷиззах айёми Аҷузро наҳс мешумурданд. Масалан, «аҳолии деҳаи Қаротоғ, асосан занҳо дар ҳафт рўзи аҷуз ҷомашўҷ намекарданд, нохун намегирифтанд ва сар намешустанд. Гўё агар сар шўянд, мўйҳояшон мерехтааст, ҷомашўӣ кунанду нохун гиранд, фалокат таҳдид мекардааст. Мардум рўзҳои аҷузиро наҳсу касофат мешуморид. Мардум дар рўзҳои Аҷуз ҷашни арўсӣ ва хатнасур намекардааст ва ба сафар намебаромадааст. Тибқи ақидаи мардуми тоҷик, Аҷуз на ин ки ба одамон, балки ба ҳайвоноти хонагӣ низ зиёнрасон дониста шудааст».
Ҳамҷунин этнографии машҳури рус Н.А.Кисляков соли 1935 дар деҳаҳои Нурунҷ, Деҳи Баланд, Бедаки Поён, Бедаки Боло, Бедаки Миёна, Қарақутан ва Ҷавҷӣ, ки дар поёноби дарёи Хингоб ҷойгиранд, паҷўҳиши этнографӣ анҷом дода, роҷеъ ба баргузории ҷашни моҳи ҳут ишораҳо намудааст. «Мувофиқи ривояти сокинони деҳаҳои мазкур, ки ба якдигар наздик ҷойгир шудаанд ва бо ҳамдигар хешу табор мебошанд, шаҷараи аҷдодиашон ба Мулло Наим ном шахси донишманду тақводоре рафта мерасидааст, ки 400 сол пеш зиндагӣ кардааст. Ин шахс гўё васият карда будааст, ки ҳамасола дар се рўзи аввали моҳи ҳут маросим барпо кунанд. Дар ҳар оила то 100 дона нони ҷапотӣ пухта, ба табақҳои ҷўбин реза карда, ба он равғани зардро бо дўғ якҷоя намуда, мерехтанд. Ин хўрокро (қурутоб, равғанҷўшӣ) бонавбат аз ҳар хонадон ба аловхона, ки дар он ҷо ҳар рўз ҳамдеҳагону баъзе меҳмонон ҷамъ мешуданд, мебурданд. Ҷамъомадагон гулхани нисбат ба ҳаррўза калонтар афрўхта, дар атрофи он нишаста ҷой менўшиданд, ғизо мехўрданд. Ингуна нишастҳо дар се рўзи авваи моҳи ҳут барпо мешудааст.
Тибқи мушоҳидаи Н.А.Кисляков, дар баъзе деҳаҳои дигар се рўзи нахустини моҳи ҳут мардум бо навбат таоми равғанҷўшӣ(қуртоб, қуртоба ва ғайра) тайёр карда, ба масҷиди деҳа мебурдаанд. Инчунин баъзе шахсони доро буз ё гўсфандро забҳ карда, шўрбо пухта мебурдаанд. Таоми ҷамҳшударо ба мардум пешкаш мекардаанд. Занҳо низ дар хона ҷамъ шуда ҳутро ҷашн мегирифтаанд.
Тасаввурот дар бораи Аҷуз ва ҳут ҳамчун намоди зимистон ба ақидаҳои хеле қадимаи инсоният, ки дар илм анимизм – зиндаангорӣ меноманд, рафта мерасад.
Ҳамин тариқ, Сада ҷашни бостонии тоҷикон ва халқҳои шарқ буда, мазмуни асотирӣ дорад ва аз ин лиҳоз дар Шарқи то исломӣ, махсусан дар даврони сосониён, онро аз дини зардуштӣ ҷудо таҷлил менамуданд. Аз ишораҳои шоирони асрҳои Х – Х11 маълум аст, ки Сада дар ин қарнҳо як андоза эҳё гашта, ҳамчун яке аз ҷашнҳои оммавии дарборию мардумӣ баргузор мешуд. Баъдан, пас аз ҳамлаи муғул ва монеъшавии шоҳони турку мутаасибон, ҷашни Сада аз ёдҳо фаромўш гашт. Аммо мардуми заҳматкаш онро дар шаклҳои гуногун таҷлил менамуд, ки бо номҳои ҷоршанбесурӣ ва ҷашни ҳут маъруф аст.
Ҷашни (иди) Сада мероси қадимаи халқи тоҷик буда, аҳолиро ба орзую ниятҳои нек - сулҳҷўҷ, оромию осоиштагҷ, бародарию баробарҷ, дўстию рафоқат, ҳамдилию бунёдкорӣ, меҳрубонию щамхорҷ даъват мекунад. Омўзиш ва тадқиқоти таърихии ҷашни Сада аз ҷониби муҳаққиқон давом дорад.
Сафар ЭРКАЕВ
дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров